• Бахтовар Сафаров
  • 04.03.2019
  • 0

Манораи Айнӣ: ҳазор сол боз пойбарҷост

Дар маркази ноҳияи Айнӣ, шаҳраки Варзи Манор мавзеъҳои нотакрори сайёҳӣ  зиёданд, ки маъмултарини онҳо манораи Варз буда, зиёда аз ҳазор сол инҷониб пойбарҷост.

Ёдгории мазкур дар паҳлуи роҳи асосии мошингузари  маркази ноҳия ҷойгир аст. Ин мероси таърихии асри IX-XI таърихи аҷибе дорад. Султон Ҷалолиддини Муҳаммади Халҷӣ  бо фатвои муфтӣ,  муаззими Ҳинд дар кӯҳистони Зарафшон ҳафт манора сохтааст, вале то замони мо 3-то боқӣ мондааст, ки яке аз онҳо ин манораи Варз мебошад.  Мувофиқи гуфтаи сокинони ноҳия, манора ва масҷид дар як замон сохта шуда, ин аввалин манораи назди масҷид аст, ки дар водии Зарафшон бо дастури ҳокими Ҳиндустон  аз тарафи сулолаи Халҷӣ бунёд шудааст.

Аз ҳама аҷибтараш он аст, ки манораи Варз  дар вақти сохтан ба 4 қисм ҷудо шуда, бо истифода аз хоку санги маҳаллӣ бунёд шудааст. Ҳаҷми таҳкурсии сангини манора  4 бар 4 ва баландии он  13 метр мебошад. Нахуст дар   қатораҳои қисми поёнии  манора бо истифода аз хишти хом,  ки шакли ҳашткунҷаро дошта, ҳаҷмашон 37 бар 22-ро ташкил медиҳад. Дар ду қисмати  аввал хиштҳо ба шакли «кунҷӣ »  чинда шудаанд.

Хиштҳои минтақаи савум рост-рости байнашон холӣ ва минтақаи охирин аз хиштҳои мураббаи ростхата ҷой гирифта,  дар навбати худ боз ба  мураббаъҳо тақсим мешавад, ки шабеҳи тахтаи шоҳмот мебошад. Дарозии гарданшакли Манора  рафта- рафта қисмати болоияш  борик мешавад, ки қафаси на чандон калон  (2м)  дорад . Борикшавии он тавассути хиштҳои қабатгузошта сурат мегирад, ки баландии 22 см-ро ташкил медиҳад. Дар дохили манора зинапояи   морпеч ҳаст, ки барои ба қафаса баромадан хизмат мекунад. Даромадгоҳаш тақрибан 1х2 метр буда, зинапояҳояш бо чӯб сохта шудаанд.  Замоне  аз болои манора муаззин мардумро ба намоз даъват мекардааст ва дар лаҳзаҳои лозима чун истеҳкоми ҳарбӣ бо дуд (рӯзона) ва оташ (шабона) аз вазъи ногувор мардуми ҳамсоядеҳҳоро хабар медодааст. Манора гумбаз низ доштааст, вале  бо  мурури замон аз байн рафтааст. Барои   аз байн нарафтани ин ёдгории  таърихӣ  мардуми маҳаллӣ қисмати берунаи  Манораро азнавсозӣ кардаанд. Даруни манора дар шакли қадима нигоҳ дошта шудааст.

Ширин Иноят,  

коромӯзи “Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.