• Administrator
  • 12.06.2018
  • 0

Милисаҳоро иҷборан ба кӯчарубӣ мебаранд

Кормандони шуъбаи пулиси ноҳияи Шайхонтохури шаҳри Тошканди Ӯзбекистон шикоят доранд, ки онҳоро иҷборан ба пок кардани кӯчаҳои шаҳр мебароранд. Ба гуфтаи кормандон, онҳо давоми як моҳ кӯчаҳоро пок ва гулкорӣ мекунанд.

«Дар ҳар баст 10 милиса бо либосҳои мулкӣ ба кӯчарубӣ фиристода мешавад. Ба дастамон досу каланд медиҳанд. Дарахтони хушкро мешиканем ва алафҳоро дарав мекунем. Намедонем, ба кӣ шикоят кунем. Кумак кунед», — гуфт яке аз милисаҳое, ки иҷборан ба кӯчарубӣ фиристода шудааст.

Бархе аз мақомоти шаҳри Тошканд ба кӯчарубӣ фиристодани милисаҳоро тасдиқ карданд. Ин дар ҳолест, ки дар Ӯзбекистон бо қарори ҳукумати он кишвар аз 10 майи соли 2018 истифодаи меҳнати маҷбурӣ манъ шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner