• Administrator
  • 13.04.2018
  • 0

Оғози парвандаи ҷиноӣ дар пайи оташсӯзӣ

Пулиси Қирғизистон дар пайи оташсӯзии бозори Ӯши шаҳри Бишкек бо моддаҳои «Ҳадафмандона нобуд кардан ё зарар расонидан ба моликият» ва «Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор» парванда боз кард.

Мақомот мегӯянд, соати 3:50 дақиқаи субҳи 13 апрел дар бораи оташсӯзӣ хабар ёфтанд. Дар ҳоли ҳозир зарари оташсӯзӣ дақиқ нашудааст. Бино бар хулосаи пешакӣ, бозорро барқасдона оташ задаанд.

Дар ин оташсӯзӣ 7 корманди хадамоти сӯхторнишонӣ зарар диданд.

Ёдрас мешавем, аз ибтидои соли ҷорӣ ин севумин оташсӯзӣ дар бозори Ӯши шаҳри Бишкек аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.