• Administrator
  • 20.04.2018
  • 0

Як садамву ду марг

Бино ба маълумоти ВКД, 19-уми апрели соли 2018, соати 16:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Матиз», Юсупов Акмалчон Отаевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, донишҷӯи соли 4-уми Донишгохи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Гагарини шаҳри мазкур, дар рӯ ба рӯи нуқтаи сӯзишвории «Газойл» аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, пиёдагардон: Муҳиддинова Файзинисо Солиҷоновна, соли таваллудаш 1964 ва Юлдошева Мунисой Абдурозиқовна, соли таваллудаш 1962, сокинони ноҳияи Б.Ғафуровро, ки аз тарафи рост ба тарафи чапи роҳ мегузаштанд, пахш намудааст.

Дар натича пиёдагардон: Муҳиддинова Ф.С. ва Юлдошева М.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, баъди якчанд соат ба ҳалокат расидаанд.
Оиди ин ҳодиса санҷиш идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner