• Mardon
  • 03.04.2019
  • 1

Ӯзбеки маняк ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд

Шаҳрванди Ӯзбекистон Бахтиёр Матёқубови 45-сола, ки  дар Русия, Украина ва Ӯзбекистон 10 занро ба қатл расонда буд, аз ҷониби Суди шаҳрии Маскав ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Ин фард қаблан дар Ӯзбекистон барои ҷинояти ғоратгарӣ ва таҷовуз ба номус 15 соли умрашро дар зиндон сипарӣ карда буд. Пас аз озод шудан аз маҳбас барои дарёфти кор ба Русия сафар кард.

Аммо пас аз ду моҳ Бахтиёр Матёқубов ба ҷурми ғорат дубора ба маҳбас афтода ва дар соли 2014 ба озодӣ баромад.

Баъдан бо мошини бародараш дар шаҳри Маскав ба мусофиркашонӣ машғул шуда ва занҳоро ба маҳали хилват мебурд ва пас аз таҷовуз ба номус онҳоро ваҳшиёна ба қатл мерасонд.

Тибқи маълумоти Суди шаҳрии Маскав, Бахтиёр Матёқубов на танҳо дар Маскав, балки дар ин муддат дар Тошкенту Киев низ ба қатли занҳо машғул шудааст.

Вай дар Украина ҳангоми куштори навбатӣ ба даст афтода ва дар соли 2017 ба Русия интиқол гардид.

Пас аз эълони ҳукми суди шаҳрии Маскав Бахтиёр Матёқубов ба Ӯзбекистон фиристода шуда ва дар суди шаҳри Тошканд ҷинояти қатли зан дар ин кишвар муҳокима хоҳад шуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Anonymous:

    Худованд чазои ин бе эмонат тияд суде шавад хавояаш махкам бошад афти ин бе эмона бин

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner