РӮЗНОМАХОНӢ

Слайдер

Зумрае бар ин назаранд, ки “дар рӯзномаҳои имрӯза маводи ҷолибу хонданӣ чоп намешавад”. Суол ба онҳое, ки мегӯянд, рӯзномаҳо маводи хонданӣ надоранд: оё боре худ газета мутолиа кардаед, ки чунин даъво мекунед ва ё чӣ тавр рӯзнома нахонда, маълум кардед, ки дар он матлаби ҷолибу ба табъи шумо писанд вуҷуд надорад? Газета намехонед, баҳонаҷӯӣ лозим нест! Мутаассифона, ба мо одат шудааст, ки агар кореро иҷро накардем, дарҳол баҳона пеш меорем.

Устод Айниро боре қозикалони Бухоро ба пеши худ хонда мегӯяд: “Домулло Айнӣ, шумо одами диндор дигар газета нахонед, айб аст аҳли уламо чӣ мегӯянд. Шумо беҳтараш китобҳои динӣ хонед…” Устод Айнӣ дар ҷавоб мегӯянд: “Ман аз хондани китобҳои диниятон безор шудаам, ман мехоҳам газета хонам, аз оламу одам хабар ёбам…”. Анкун худ хулоса мекунем, ки ин бузургони илму адаб дар замони худ ба ҳамаи таъқибҳову таънаҳои рӯҳониёни замону атрофиён нигоҳ накарда, ба газетахонӣ рӯй меоварданду мардуми мо ҳоло аз он рӯй метобанд. Дар он давра мисли имрӯз рӯзномаҳо зиёд набуданд ва дастрасӣ ба он низ осон набуд, аммо ҳоло ба хонандаи тоҷик танҳо занг задан ба идораи рӯзномаву обуна шудан ва ё ба пеши дӯконҳои газетафурӯшӣ рафта харидани он кифоя аст, боқӣ дигар мушкилоте барои рӯзнома хондан пеш намеояд.  Донишҷӯи факултети журналистика чор сол ихтисоси журналистикаро меомӯзаду дар имтиҳони давлатӣ савол медиҳанд, ки фалон рӯзномаро медонӣ, он радиоро боре гӯш кардаӣ ва чанд мақола навиштаӣ,  дар  ҷавоб сукут.

Замоне аз газета мардум рӯй гардониданд, ҳамагӣ садо баланд карданд, ки ин пешравии илму техника ва ба вуҷуд омадани шабакаи интернет аст. Дар ин миён пайдо шудани интернет-газетаҳо, оҷонсиҳо ва сомонаҳои иттилоотӣ низ сабаби камшавии теъдоди хонандаҳои матбуот гардид. Аммо, бубахшед, пешравии илму техникаи мо ҳеҷ гоҳ ба тараққиёти онлайн-журналистикаи давлатҳои ИМА, Канада, Мексика, Олмон, Британия, Фаронса, Итолиё, Ҷопон ва Чин баробар шуда наметавонад. Дар баробари амал кардани садҳо итернет-газетаву оҷонсиҳои иттилоотӣ, аммо дар ин мамолик рӯзе миллионҳо тираж газетаву маҷаллаҳо рӯйи чоп меоянд, ки ҳар яки он хонандаи худро дорад. Ҳатто дар шаҳри Мехикои Мексика рӯзномае дар як рӯз чор маротиба нашр мешавад, ки ин низ исботи сермутолиа будани мардуми дигар қитъаҳои олам аст. Аммо вақте сари газетахонӣ ба мамлакати мо меоӣ, дарҳол баҳонаи гаронии рӯзномаҳоро пеш меоранд. Дар ҷумҳуриамон ягон газетае вуҷуд надорад, ки ҳар рӯз нашр шавад, аммо теъдоди зиёдашонро ҳафтаномаҳо ташкил медиҳанд, ки барои инсони хоҳиши хондани онро дошта, маблағи гароне буда наметавонад. Наполеон гуфта буд: “Ман аз сад ҳазор найза ба ҳадде наметарсам, ки аз газета метарсам”. Омили барҳам додани бесаводиву рӯшанфикр шудани мардумро танҳо рӯзномахонӣ рафъ карда метавонад.

Нуралӣ КАРИМ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply