19-солаҳои тоҷик дар чорякфинали ЧО-2018

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Слайдер

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ба даври чорякфинали Чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия ҷараён дорад, роҳ ёфт.

28 октябрдар  даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ (гурӯҳи “D”) мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон муқобили Арабистони Саудӣ майдондорӣ кард. Бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи Арабистони Саудӣ анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 29-ум футболбозони мо тавассути Шериддин Бобоев кушоданд. Нимаи аввал бо пирӯзии тими Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар нимаи дуюм футболбозони тими Арабистони Саудӣ ба задани 3 гол даст ёфтанд. Сафӣ Муҳаммад дар дақиқаи 65 ҳисобро баробар карда, баъд аз 5 дақиқа голи дуюмашро зад. Голи сеюм ҳамчун автогол ба номи дарвозабони тими ҷавонони мо Шоҳрух Қирғизбоев сабт шуд.
Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби ҷавонони Чин бар Малайзия бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Ҳамин тавр, Арабистони Саудӣ бо 9 хол аз ҷои аввал ва Тоҷикистон бо 4 хол аз ҷои дуюми гурӯҳи “D” ба даври чорякфинал баромаданд. Чин бо 3 хол дар зинаи сеюм, Малайзия бо 1 хол дар мақоми чорум ҷой гирифтанд.
Дар даври чорякфинал шогирдони Мубин Эргашев муқобили ғолиби гурӯҳи “С” – дастаи Кореяи Ҷанубӣ ба майдон мебарояд. Арабистони Саудӣ бошад, бо тими Австралия вомехурад.
Чор дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2018 ба Чемпионати ҷаҳон-2019 миёни ҷавонони то 20-сола, ки дар Лаҳистон ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ бар тими ҷавонони Чин ғалаба (1:0) карда, бозиро бо дастаи Малайзия мусовӣ (2:2) анҷом дод.

Чемпионати Осиё-2018 миёни ҷавонони то 19-сола
Даври чорякфиналӣ
28 октябр (якшанбе)
15:00. Қатар – Тайланд
18:30. Ҷопон – Индонезия

29 октябр (душанбе)
15:00. Кореяи Ҷанубӣ – ТОҶИКИСТОН
18:30. Арабистони Саудӣ — Австралия


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply