Ҳавопаймои Сала пайдо шуд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Ҳавопаймое, ки Эмилиано Саларо аз бошгоҳи “Нант” ба дастаи “Кардифф” мебурд, пайдо шудааст. Пораҳои ҳавопайморо дар лаби Ла-Манши назди соҳили Гернси пайдо карданд. То ҳол дар бораи пайдо шудани Эмилиано Сала ва сарнишинонаш хабари расмӣ нашр нашудааст. Хотиррасон мекунем, ки Эмилиано Сала санаи 21-уми январи соли равон ҳангоми ҳаракат аз “Нант” ба самти Уэлс бо ҳавопаймои шахсии худ аз хати алоқа нопадид шуда, аз ҳамон лаҳза то имрӯз ягон нишоне аз ӯ нест. Ин хабари нохуш тамоми ҷаҳони футболро андуҳгину ғамзада намудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply