Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Пагоҳ дар шаҳри Пҳёнчҳони Куриёи Ҷанубӣ шурӯъ  мешавад

Тавре аз Кумитаи тадорукоти ОЗО-2018 ба расонаҳо иттилоъ доданд, дар ин мусобиқаи бонуфус ширкати беш аз 2500 варзишгар аз 90 кишвари ҷаҳон дар назар дошта шудааст. Ба барномаи бозиҳо 15 намуд — биатлон, бобслей, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронии кӯҳӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижатозӣ, рақси рӯйи ях бо конки, скелетон, сноуборд, фристайл, ҳоккейи рӯи ях, чанаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин ва шорт-трек дохил аст.

Мутаассифона, Тоҷикистон дар Олимпиадаи зимистонаи мазкур бинобар омода карда натавонистани варзишгарон иштирок намекунад. Сабаби ба миён омадани чунин вазъиятро дар Кумитаи миллии олимпии мамлакат чунин шарҳ доданд:

Тибқи нақша дастаи мунтахаби Тоҷикистон  бояд дар 50 мусобиқа иштирок мекард, вале ба иллати номусоидии ҳаво 20 мусобиқа дар Покистон, Ҳиндустон ва Эрон баргузор нашуд, ки ин монеа барои ба  даст наовардани имтиёзҳои зарурӣ ба варзишгарони тоҷик гардид. Дастаи лижаронии кӯҳии Тоҷикистон имтиёзи зарурӣ ё роҳхат барои иштирок дар олимпиадаро ба даст наовардааст. Ин даста аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ дар ҳайати 6 нафар таъсис ёфта буд. Ба ин тартиб, ягон нафар аз Тоҷикистон натавонистааст, ки меъёрҳои олимпиро ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ иҷро намояд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply