Чор медали Шаҳриёр аз чемпионати Осиё

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Слайдер

Варзишгари ҷавон Шаҳриёр Даминов, ки  дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло шуда буд, дар рӯзи охири чемпионати мазкур дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 500 метр аввалин шуда ба марра расид.

Инчунин, Шаҳриёр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Абубакр Рустамов ва Дилшод Ҷӯраев  дар байдаркаи чорнафарӣ дар масофаи 500 метр медали биринҷӣ ба гардан овехтанд. Ӯ, ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст овард.
Ду медали дигари биринҷиро Абдусаттор Ғаффоров дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 1000 дар байдаркаи дунафарӣ ҳамроҳ бо Саидилҳомхон Назиров дар масофаи 1000 метр сазовор гардид. Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қайиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки варзишгарони 15 давлати Осиё 20-25 октябр доир гардид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ аз чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё сазовори 6 медал (2 тилло ва 4 биринҷӣ) овард.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply