Далер Кузяев барои Тоҷикистон бозидан нахост

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ҶАҲОН

Чемпионати ҷаҳон-2018 дар Русия яке аз чеҳраҳои ҷавони футбол Далер Кузяевро муаррифӣ кард, ки дар ҳайати мунтахаби Русия бо маҳорати хубаш ангуштнамо гардид. Мухлисони футболи кишварамон ифтихор доранд, ки ӯ ҳамватанашон мебошаду дар Чемпионати ҷаҳон фаъолона ширкат варзид.

Оё воқеан чунин аст, ки мухлисон мепиндоранд? Далер Кузяев, ниммуҳофизатгари дастаи «Зенит»-и Санкт-Петербург ва дастаи яккачини Русия, қабл аз ин дар мусоҳибааш ба «СЭ» изҳор намуда буд, ки «даъвати барои мунтахаби Тоҷикистон бозиданро соли 2017 рад кардааст, ҳарчанд ки падару модараш зодаи ин сарзамин мебошанд. «Барои даъват сипосгузорам, вале ман дар Русия зодаву ба воя расидаам. Аз ин рӯ, фақат барои Русия бозӣ мекунам. Падарам пурра тарафдори қарори ман аст», — иброз намудааст ин футболбози ҷавон.

(Сабабҳои дигари барои Тоҷикистон набозидани Далер Кузяевро дар шумораи нави ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мехонед).


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Далер Кузяев барои Тоҷикистон бозидан нахост

  • Барои чи мо ба футболбозони худ такя накарда ба дигарон такя мекунем. Агар ФФТ дар чумхури барномаи дурустро тахия намуда ба футболбозон маоши хубро муайян намояду дар вакташ маошро доимо дихад ман боварии комил дорам ки даххо футболбозонро аз Далер Кузяев хам хубтару нагзтар тарбия карда метавонем.

Leave a Reply