«Душман»-и варзишгари қазоқро ҳабс намуданд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон, ҶАҲОН

Баъди он, ки варзишгари маъруф Денис Тен бо корд захмӣ шуда, ба ҳалокат мерасад, устоди 25-солаи як мактаби Қазоқистон хурсанд шудани худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ иброз медорад. Алоқа бо ин ҳодиса муфатишон нисбат ба ин муаллим Шерхон Байзенов, бо ҷурмяи “барангезандаи нафрат” парвандаи ҷиноӣ боз намуданд.

Муфатишони Қазоқистон нисбати устоди 25 солаи қазоқистонӣ парвандаи ҷиноӣ боз намуданд. Номбурда хурсандии худро нисбат ба ҳалок шудани варзишгари маъруф, дорандаи медали биринҷии бозиҳои олимпӣ Денис Тен, дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр намудааст. Дар ин бора  «Sputnik Казахстан» хабар дод.

Ӯ дар саҳифаи худ дар   Instagram видиоролике сабт намуда, аз қотилони варзишгар тарафдорӣ намудааст ва гуфтааст, ки “хитоибачаро куштанд” Ин сухани ӯ нафрати ҳаводорону мухлисони бешумори Тенро ба миён овардааст.

Пас аз ин ҳодиса Байзеновро ба маҳкама кашиданд. Дар вақти пурсиш ӯ гуфтаҳояшро тасдиқ намудааст. Баъди чанд муддат ӯ сабти худро бо бахшиш пурсидан аз тамоми мухлисон, нашр намуд.

 Бояд гуфт, ки варзишгари маъруфи қазоқ, ки дар намуди рақси болои ях (фигурное катание) дар Бозиҳои олимпӣ-2015 медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ӯ дар натиҷаи ҳамлаи ғоратгарони автомобил кушта шуд.

Ду рӯз қабл президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев ба оилаи варзишгари маъруф, дорандаи медали биринҷии бозиҳои олимпӣ  Денис Тен, барқияи тасалӣ фиристод.  Дар он дастовардҳои беназири варзишгари ҷавонмаргро ситоиш намуда гуфтааст: “Дастовардҳои беназири Денис барои тамоми ҷавонони қазоқ намунаи ибрат буд. Ӯ бо ҳунару маҳорат ва меҳнати шабонарӯзии худ номи миллати худро дар ҷаҳон бардошт. Ӯро тамоми ҷаҳон мешинохт ва дӯст медошт. Ӯ ватандорӣ ҳақиқӣ буд”-иброз намуд Назарбоев.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply