Фаронса пас аз 20 сол боз чемпион шуд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ҶАҲОН

Дастаи яккачини Фаронса дар вохӯрии финали Чемпионати ҷаҳон-2018, бегоҳии 15 июл дар Варзишгоҳи «Лужники»-и Москва мунтахаби Хорватияро боҳисоби 4:2 шикаст дод ва бори дуюм унвони Чемпиони ҷаҳон ва Ҷоми ҷаҳонии футболро дар соли 2018 ба даст овард.

Голи аввалини бозиро дар дақиқаи 18-ум ҳамлагари хорватҳо Марио Манҷукич, баъд аз зарбаи ҷаримавии фаронсавиҳо бо сар ба дарвозаи тими худашон автогол кард. Даҳ дақиқа пас ниммуҳофизи хорватҳо Иван Перишич бо зарбаи зебое ҳисобро баробар кард -1:1. Дар дақикаи 38-ум ҳамлагари фаронсавиҳо Антан Гризманн аз зарбаи ёздаҳметра ҳисобро ба 2:1 расонд.

Дар қисми дуюм голҳои фаронсавиро Пол Погба _(дақиқаи 59-ум) ва Килиан Мбаппе (дақиқаи 65-ум) ба 4:1 расонданд. Хорватӣ Манҷукич аз иштибоҳи дарвозабони фаронсавиҳо истифода карда, ҳисобро 4:2 кард. Ҳамин ҳисоб то охири вохӯрӣ дигар тағйир наёфт ва мунтахаби Фаронса баъд аз 20 сол бори дуввум Чемпиони ҷаҳон эътироф гардид.


Поделиться новостью в социальных сетях:

5 комментарий

  • Гризманчон муборак бошад пирузи. Орзу дорам бо ту акс гирам ва аз хурсанди сахт ба огушат кашам додари азиз. Хело халоват бурдам аз бозии Фаронса

  • Ма низ бисер мехостум Гризман туби тиллоира ба даст биерад…

  • Ман низ бисер мехостам,ки Гризман туби тиллоиро ба даст орад…

  • Ман нисбати футбол он кадар шавку рагбат надоштам. Хар вакто,ки домодшаванда бо ихлос паси оинаи нилгун нишаста тамошо мекарданд ман низ онкасро ноором накарда бодиккат нишаста ба ин бози шавк пайдо кардам.

Leave a Reply