«Ювентус» Криштиану Роналдуро бо 112 миллион евро харид

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Футболбози машҳури ҷаҳон Криштиану Роналду, ки пас аз бохти тими Португалия дар марҳилаи ҳаштякфиналӣ ЧҶ-2018-ро тарк кард, бо Клуби футболи !Ювентус»-и Италия қарордод бастааст.

Роҳбарияти Клуби футболи  «Реал» (Мадрид) аз ин қарордод истиқбол намуда, изҳор карданд, ки Криштиану дар муддати 9 соли бозӣ дар дастаи мазкур намунаи беҳтарин футболбози ҷаҳонӣ гардид. Ӯ дар ҳайати «Реал» 438 бозӣ карда, 451 гол задаст, 16 унвон  (аз ҷумла, 4 Ҷоми Лигаи  чемпионҳо), 4 «Тӯби тиллоӣ», 3 «Бутсии тиллоӣ» ва дигар мукофотҳоро сазовор гардидааст.

Тибқи иттилои нашрияи  Marca, «Ювентус» барои трансфери мазкур 112 миллион евро харҷ мекунад, ки он ба панҷгонаи бузургтарин қарордод дар таърихи футболи ҷаҳон ворид мегардад. Роналду ҳар сол 30 миллион евро музд хоҳад гирифт.

.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply