Криштану ба таҷовуз айбдор мешавад

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ХАБАРИ ТОЗА

  Дар   Лас – Вегаси ИМА  парвандаро нисбат ба футболбози маъруфи португалӣ  Роналду Криштану  аз нав кушоданд.

 РИА Новости ҳафтаи гузашта бо иснод ба ВАО-и ИМА дар ин бора иттилоъ дод. Пулиси  Лас-Вегас тасдиқ намуд, ки парвандаро дар бораи аз ҷониби Криштану Роналду мавриди таҷовуз гардидани  духтари амрикоӣ аз нав кушодааст.

Алҳол Департаменти марказии пулис иттилои пешниҳодкардаи духтари амрикоиро вобаста ба таҷовуз  мавриди омӯзиш қарор додааст.

Қабл аз ин маҷаллаи олмонии Spiegel хабареро ба табъ расонд, ки духтари амрикоӣ Кэтрин Майорга футболбози португалиро барои  таҷовуз шуданаш гунаҳгор мехисобад. Соли 2017 ин нашрия навишта буд, ки Роналду ҳанӯз соли 2009 барои таҷовузи ин духтар гумонбар мешавад. Тибқи маълумоти Spiegel, дар моҳи январи соли 2010 ҷониби футболбоз ба ҷабрдида 375 ҳазор доллар ҷуброн пардохт карда будааст. Мутобиқи  созишномаи беруназсудӣ тарафҳо ба мувофиқа расида буданд, ки ҷузъиёти таҷовузро намекушоянд ва ҷониби ҷабрдида аз айбдоркунии баъдина даст мекашад.

Адвокатҳои Роналду баъдтар изҳор  намуданд, ки маҷаллаи Spiegel –ро барои мақола ба суд мекашанд.

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply