Нахустмедали тиллои Дилшод Назаров дар мавсими имсола

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ҶАҲОН

Чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров дар мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук медали тилло ба даст овард.

Бино бар иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук 8 июл дар шаҳри Браганша Паулиста баргузор шуд. Дилшод Назаров  гурзро ба масофаи 75,18 метр ҳаво дода, ҷои аввалро гирифт. Дар ин қувваозмоӣ варзишгари Молдова Сергей Маршиев ҷои дуюм (74,51), варзишгари Белорус Павел Барейша (73,28) ҷои сеюмро ишғол карданд.

Зикр мегардад, ки ин дуюм медали Дилшод Назаров дар мавсими имсола аст. Ӯ як моҳ қабл – 8 июн — дар Мусобиқаи гурзандозӣ ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ (“Janusz Kusocinski Memorial”) дар шаҳри Чорзуви Полша медали биринҷӣ ба даст оварда буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply