Нурмагомедов аз беҳтарин размандагони UFC

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ҶАҲОН

Ню-Йорк, 7 апрел. Доварон варзишгари шинохта Ҳабиб Нурмагомедовро пас аз анҷоми рақобаташ   бо размандаи амрикоӣ Эла Яквинта якдилона ғолиб эътироф намуданд. Ин пирӯзӣ имкон дод, ки  Ҳ. Нурмагомедов дар вазни сабук ба сегонаи беҳтарин размандагони UFC шомил гардад.

-Айни замон, дар ташкилоти UFC се размандаи беҳтарин Конор Макргегор, «Ковбой» (Доналд) Серроне  ва Ҳабиб Нурмагомедов пешсаф мебошанд, — изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ президенти UFC Дэйна Уайт.- Рақобати Ҳабиб тасхиркунанда буд. Ман меҳисобам, ки алҳол дар ташкилоти мо сенафарони номбурда беҳтаринҳо мебошанд…

Нурмагомедов ғалабаи 26-умашро дар  26 рақобат ба даст овард.. Яквинта бошад, маротибаи чорум талхии бохтро чашид. Ӯ дар 13 рақобат 8 пирӯзӣ ва 1 мусовиро ноил гардидааст.

Ҷолиб он аст, ки  давоми ҳафта барои вохӯрии финалӣ бо Нурмагомедов чанд разманда иваз шуд: Тони Фергюсон, Макс Холлоуэй, Энтонии Петтис.

Падар ва мураббии Ҳабиб Абдулманап Нурмагомедов ба РИА Новости изҳор дошт, ки комёбии писараш ин комёбии тамоми Русия ба шумор меравад. Рақибони ояндаи Ҳабиб Конор Макгрегор, ё Тони Фергюсон буда метавонанд.

Ҳ. Нурмагомедов дар таърихи UFC аввалин размандаи беҳтарин аз Русия эътироф мегардад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply