Ҷоми ғайриодии Копа Америка — 2019

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Дирӯз, 24-уми январ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия маросими қуръакашии Ҷоми Амрико-2019 баргузор шуд. Дар мусобиқа 10 мунтахаби КОНМЕБОЛ ва ду намояндаи дигар аз Осиё – Қатар ва Ҷопон ширкат мекунанд.

Гурӯҳи А: Бразилия, Перу, Боливия ва Венесуэла.

Гурӯҳи B: Аргентина, Колумбия, Парагвай ва Қатар.

Гурӯҳи C: Уругвай, Эквадор, Ҷопон ва Чили.

КОНМЕБОЛ ҳайати иштирокчиёни Ҷоми Амрико-2019-ро эълон намуд. Миёни 12 мунтахаб ду даста аз қораи Осиё ширкат меварзанд. Дар мусобиқаи мазкур тимҳои Ҷопон ва Қатар ҳунарнамоӣ мекунанд. Ба гуфтаи масъулини чорабинии мазкур ин даъватнома метавонад, мухлисонро аз тамоми ҷаҳон ҷалб намояд. Инчунин, ин ташаббус ба рушди мусобиқа дар Амрикои Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Қаблан хабаре паҳн шуда буд, ки дар Ҷоми Амрико-2019 мунтахабҳои Фаронса, Италия, Испания ва Португалия низ метавонанд ширкат варзанд. Мусобиқа аз 14-уми июн то 7-уми июли соли ҷорӣ дар 5 шаҳри Бразилия: Рио-де-Жанейро, Сан-Паулу, Белу-Оризонти, Порту-Алегри ва Салвадор баргузор мешавад. Бозии финалӣ санаи 7-уми июл дар варзишгоҳи «Маракана» доир мешавад. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба марҳилаи ¼ ниҳоӣ роҳ меёбанд. Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии Ҷоми Амрико ин яккачини Чили ба шумор меравад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply