ШЕРСАВОР

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Мирзо РУСТАМЗОДА

Достон

Кори ту на кам зи қаҳрамонист,
Зебандаи шеъру достонест.

Шерона турост гурдаю дил,
Ҳастӣ ба Худо, ки гурди комил.

Зуҳрои ту бо ҷабини Зуҳро,
Бар дӯш гирифта бори куҳро.

Гарм аст туро ситораву рӯ,
Чашмони ту меҳрубону дилҷӯ.

Бо он ҳама бозиҳои қисмат,
Покизаву покиву баисмат.

Дар дидаи ту нишони ғам нест,
Дар пеши касе сари ту хам нест.

Дар хонаи орият иқомат,
Дорию надорӣ ту шикоят.

Гар хона варо тавон бигуфтан,
Осуда тавон дар он бихуфтан?

Дар боби умеду сабру тоқат,
Дар боби матонату қаноат.

Дар пасту баланди рӯзгорон,
Дар омаду н – омади фаровон.

Ҳастӣ ту намунае ба занҳо,
Эй модари меҳрубони танҳо.

***
Чун бахти аввал надод фарзанд,
З – он бахт бурида гашт пайванд.

В – он гоҳ дубора кард шавҳар,
Рахшид варо дубора ахтар.

З – он васл варо ду тифли зебо,
Бинмуд Худои пок эҳдо.

Гуфто ба писар: — Ҷаҳонгири ман,
Чун нур дурахшӣ бар дили ман!

Роҳила ниҳод исми духтар,
Чун ҷон варо гирифт дар бар.

Нав шод варо бигашта буд дил,
Дар зиндагӣ нав бигашта хушдил.

Боз бар сари ӯ мусибат омад,
Санҷиши наве зи қисмат омад.

Мардаш зи қазо бирафт аз сар,
ӯ монду ду тифли хурд дар бар.

Бо ин ҳама ӯ талош дорад,
Дар сахтӣ Худо нигош дорад.

Дунёст чаро ки беадолат,
Пурмакру касифу пурразолат?

Дар даҳр зиёд ташнагонанд,
Дар даҳр зиёд гушнагонанд.

Дар даҳр зиёд бенавоён,
Бепушту паноҳ ҳам гадоён.

Дар кишвари Ҳинд ҳам махавҳо,
«Бомжон» — и зиёд дар дигар ҷо.

Дар даҳр зиёд бехудоён,
Навкисаю навбигашта боён.

Дар даҳр зиёд дардмандон,
Дармондаю зору мустамандон.

Дар даҳр зиёд гушнапуштон,
Дар даҳр зиёд шӯрапуштон.

Дар даҳр зиёд беғамонанд.
Дар ишрату айш ҳамзамонанд.

Дар даҳр зиёд аҳраманҳо,
Чун зоғ ба боғу бар чаманҳо.

Бархе зи ҳисоби қатлу куштор,
Бархе зи фурӯши чарси мурдор.

Бархе ба мақому мансаби худ,
Бо қудрату ҳукми ағлаби худ.

Тоифае бо ҳаромбозӣ,
Фарёду фиғону саҳнасозӣ.

Бо номи Худою дину миллат,
Бо лофу дурӯғу ширку бидъат.

Бархе ба фасоду танфурӯшӣ,
Бо хоҳару духту занфурӯшӣ.

Бо миллату бо Ватанфурӯшӣ,
Бо мазҳабу бо суханфурӯшӣ.

Бо ғорату бо фасоду бо фисқ,
Дарёфт барои худ кунад ризқ.

Дар карру фаранду айшу ишрат,
Дил дода ба ҷоҳу молу сарват.

Дар фахр зи молу ҳоли хешанд,
Дар фаҳм агарчи ҳамчу мешанд.

Мисле ки аз ин ҷаҳон набошанд,
Ё ин ки сутуни даҳр бошанд.

Доранд куҷо ғами дигарҳо,
Парвои ятиму муштипарҳо.

Гӯё ки ҷаҳон аз они онҳост,
Ҳукми ҳама дар даҳони онҳост.

Бояд ки кунанд чунон иқомат,
Дар қаср, ҷудой аз ҷамоат.

Бигзаштаи хеш бурда аз ёд,
Ҳам аз ҷаду ҳам зи қавму авлод.

Монандаи кирми пилла беист,
Рӯзону шабон хӯранд, гап нест.

Дороиашон намешавад кам,
Як зарраю балки мешавад зам.

Зеро ки мудом дар талошанд,
Умре ба хаёли ғасб бошанд.

Ҳарчанд ба гуфти халқ, боянд,
Гар нек назар кунӣ, гадоянд.

Бар нафс асир ончунонанд,
Аз мурда кафан ҳамеситонанд.

Ҳангоми гузашт аз гӯристон,
Кам мурда шавад ба ҷурми онон.

Ҳар луқмае аз даҳан рабоянд,
Одам зи куҷо, аждаҳоянд.

Фоҷиаи мо на гушнагонанд,
Фоҷиаи мо на ташнагонанд.

Фоҷиаи мост гушнапуштон,
Фоҷиаи мост шӯрапуштон.

Фоҷиаи мо — гурусначашмон,
Фоҷиаи мост нафси эшон.

Фоҷиаи мост чоплусон,
Ҳам кафшу калӯшу пойбӯсон.

Фоҷиаи мост бесаводон,
Ҷоиза гирифта, фахру унвон.

Фоҷиаи мост бешарафҳо,
Фоҷиаи мост бетарафҳо.

Фоҷиаи мост нохалафҳо.
Бегонаю хира чун алафҳо.

Андар ҳама ҷо шашум ангушт,
Монеа ба пешрафту бар рушд.

Андар ҳама соҳа ҷой гашта,
Машғул ба обу лой гашта.

Фоҷиаи мост ҳуққабозон,
Бефаҳм, вале забондарозон.

Фоҷиаи мост худнамоён,
Бемазҳабу дину бехудоён.

Кам нест, вале, накӯхисолон,
Кам нест, бале, накӯвисолон.

Мардону занони некмазҳар,
Фардони сахию адлпарвар.

Обод бувад ба некмардон,
Ин олами пири гирдгардон.

Мардони Худо басо зиёданд,
Бофаҳму бафазлу адлу доданд.

«Мардони Худо Худо набошанд,
Аммо зи Худо ҷудо набошанд».

Хидмат ба Худою халқ доранд,
Аз ҳеҷ касе тамаъ надоранд.

Дунё ба умед гуфта меҳон,
Навмед бувад мудом Шайтон.

Мурданд басо ҷаҳонгирон,
Шоҳаншаҳу хону беку мирон.

Рафтанду набурда як сари хас,
Не як сари хас бидода бар кас.

Ҳарчанд ки дар ниҳояти кор,
Мурданд чу як ҳақиру нодор.

Монд он ҳама молу ҷоҳу давлат,
Ҳам дағ – дағаҳову кайфу роҳат.

«Хушбахт касе, ки хӯрдаю кишт,
Бадбахт касе, ки мурдаю ҳишт».

Онон, ки замоне зӯр буданд,
Бадҳайбату дар ғурур буданд.

Охир, ки даруни гӯр гаштанд,
Ҳам тӯъмаи мору мӯр гаштанд.

Ҷое, ки агар баробарӣ нест,
Ҳамбастагию бародарӣ нест.

Ҷое, ки фақиру бой бошад,
Сад кина ба дил ба пой бошад.

Дорою фақир гургу мешанд,
Бегона ва ё табору хешанд.

***

Ту дорӣ ба ёд ҳоли мардум,
Овораву хору зору саргум.

Оташ ҳама ҷо фағона мезад,
Оташ ҳама ҷо забона мезад.

Бедодгарӣ расида бар авҷ,
Хун баҳр барин мезадӣ мавҷ.

Ҳай, ҳоли хароб дошт мардум,
Ҳай, ранҷу азоб дошт мардум.

Ҳай, рӯзи сиёҳ дошт мардум,
Ҳай, нолаву оҳ дошт мардум.

Ин ҳам бигузашту бигзарад боз,
Ҳар фитнаю шӯре гардад оғоз.

Зеро ки бадӣ бақо надорад,
Бад ҳаст касе, Худо надорад.

З – ин рӯй махӯр зиёд андӯҳ,
Мебош сабур ту ҳамчунон кӯҳ.

Рӯзе нигарӣ, ки мешавад хуб,
Ҳоли ту ба лутфи Зоти маҳбуб.

Ояд ба дили ту шодмонӣ,
Хушбахт шавӣ ба зиндагонӣ.

Ҳам соҳиби нон мешавӣ ту,
Ҳам соҳиби хон мешавӣ ту.

Ҳам соҳиби хонаву дари худ,
Ту тифл гирифта дар бари худ.

Келин ту ба он мефурорӣ,
Гулдухтари хеш мебарорӣ.

Соҳиби набераҳо шавӣ ту,
Соҳиби абераҳо шавӣ ту.

***
Имрӯз замон фитнабор аст,
Олам ҳамагӣ чу корзор аст.

Ҷанг асту ҷидолу қатлу куштор,
Дар ҳоли баде касон гирифтор.

Хунхор шудаст одамизод,
Бисёр шудаст зулму бедод.

Раҳме на ба пиру тифлу занҳост,
Олуда забон ҳам даҳанҳост.

Фарзанд намекунад падар гӯш,
Ҳатто шуда модару падаркуш…

Баднафсу бадону чоплусон,
Саҳв аст бузург, хондан инсон.

Эй зан, ту беҳин намуна ҳастӣ,
Дар ҷодаи дарку қадри ҳастӣ.

Бе таҳсилу хатми мактаби хос,
Бо завқи баланду меҳру ихлос.

Бар шеру палангу хирс маҳбуб,
Гардидаӣ ту ба хислати хуб.

Раҳ ёфтаӣ ба қалби онон,
Бо меҳру муҳаббату дилу ҷон.

Бе тарсу ҳаросу бе хавосе,
Бо он ҳунари наҷибу хосе.

Яъне ки дили бузург дорӣ,
Покиза зи кину аз ғуборе.

Омӯхтаӣ ба ваҳшиён фаҳм,
Ҷо кардаӣ дар вуҷудашон раҳм.

Дар зиндагӣ, то сабур бошанд,
Дур аз ҳама шарру шӯр бошанд.

Он чӣ ки на саҳл бошад, алъон,
Дар нисбати зодагони инсон.

Дар нисбати думравони Иблис,
Одам ба нигоҳу лек бе ҳис.

Чун маргталаб тарор доранд,
Сад даҳшату инфиҷор доранд…

«Говону харони борбардор,
Беҳ з – одамиёни мардумозор».

«Мискин хар арчи бетамиз аст,
Чун бор ҳамебарад, азиз аст».

***
Шерона диле ту дорӣ, эй зан,
Имрӯз, агарчи хорӣ, эй зан!

Бар шери жаён шаҳсаворӣ,
Парвои фалак, вале надорӣ.

Ҳарчанд занӣ, ту шермардӣ,
Ром хирсу палангу шер кардӣ.

Аҳсант ба он ҷасорати ту,
Бар ғайрату бар маҳорати ту!!!

1. тарор — террор
23 . 08. 2018,
шаҳри Душанбе


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “ШЕРСАВОР

Leave a Reply