«Тӯби тиллоӣ» ба Лука Модрич расид!

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ҶАҲОН

Ниммуҳофизатгари дастаи «Реал» Мадрид (Испания) ва мунтахаби Хорватия Лука Модрич аз рӯйи фарзияи маҷаллаи «France Football» ҳамчун бозигари беҳтарини ҷаҳон бо «Тӯби тиллоӣ» сарфароз гардид.
Маросими тантанавии супурдани ҷоизаи олии футболи ҷаҳонӣ дирӯз дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шуд. Тибқи назарпурсии журналистони кишварҳои гуногун Модрич дар мубориза барои «Тӯби тиллоӣ» бо 753 имтиёз соҳиби мақоми аввалро сазовор гардид. Дар ҷойи дуюм бо 476 имтиёз ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду («Ювентус», Италия), мақоми сеюмро ҳуҷумкунандаи фаронсавӣ Антуан Гризманн («Атлетико», Испания — 414 хол) ишғол намуданд.
Ёдрас мешавем, ки то имрӯз рекордгузорони барандаи «Тӯби тиллоӣ» Криштану Роналду ва Лионел Месси (5 маротибагӣ) маҳсуб меёбанд. МЕсси ин дафъа бо 280 имтиёз панҷумин эътироф шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply