Ёқубҷон Назиров – чемпиони ҷавон миёни ҷавонон

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Дар мусобиқаи Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки  14-15 апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир гардид,  паҳлавони  ҷавони тоҷик Ёқубҷон Назиров медали тилло ба даст овард.
Ёқубҷон дар даври муқаддамотӣ  дар вазни   то 90 кг ҳарифонаш Деймон де Вос (Ҳолланд) ва Имеда Гоголадзе (Гурҷистон)-ро мағлуб карда, ба нимфинал роҳхат гирифта, дар ин марҳила паҳлавони ҷопонӣ Санширо Мурао ва дар финал варзишгари дигари ҳолландӣ Том Бонешанскарро шикаст дод.

Ҷумҳурии моро ба ғайр аз Ёқубҷон 7 варзишгари дигар намояндагӣ карданд: Муллораҷаб Халифаев, Суруш Тавакалов (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Хушвақт Идиев, Файзалӣ Маҳмадов (-81 кг), Темур Маҳмадов (-90 кг). Аз миёни онҳо натиҷаи беҳтарро Муллораҷаб Халифаев нишод дод. Ӯ дар вазни -66 кг ҷои 7-умро ишғол кард.
Дар ҳисоби даставӣ Русия бо 8 медали тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ  аввалин эътироф гардид. Ҷопон бо 5 медали тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ҷои дуюм, Озарбойҷон бо 1 медали тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло 1 ҷойи ҳафтум   панҷумин шуд.

Дар мусобиқа 259 варзишгар аз 16 давлати ҷаҳон иштирок карданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply