Ёсуману Диана дар мусобиқаи тенниси Малайзия медалдор шуданд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Тибқи иттилои  Оҷонсии “Азия плюс”, айни замон дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба теннис бо роҳбарии сармураббӣ Абдурасул Муҳиддинов дар Малайзия қарор дорад. Даста ба ҷамъомадҳои машқию таълимӣ фаро гирифта шуда, дар якчанд мусобиқаи байналмилалӣ иштирок мекунад. Варзишгарони мо сазовори хол гардида, ба раддабандии ҷаҳонӣ, ки солҳо боз дар он номи варзишгарони тоҷик нест, ворид мешаванд.
Дастаи мунтахаби мо дар ҳайати Аҳмад Алмовов, Ёсуман Салимова, Диана Иванихина, Хушбахт Каримов, Исамҷон Шарифов ва Аминҷон Абдуллоев 29-30 ноябр дар мусобиқаи дигари байналмилалӣ дар Малайзия ширкат мекунанд.

Теннисбозони ҷавони Тоҷикистон  Ёсуман Салимова ва Диана Иванихина дар мусобиқаи байналмилалии Малайзия сазовори медал гардиданд. Ёсуман миёни иштирокчиёни то 10-сола ба финал роҳ ёфт, вале аз теннисбози мизбон мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра шуд.
Диана бошад, миёни иштирокчиёни то 15-сола медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар даври нимфинал аз теннисбози Чин мағлуб гардид.
 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Ёсуману Диана дар мусобиқаи тенниси Малайзия медалдор шуданд

Leave a Reply