• Mardon
  • 08.05.2019
  • 0

4:0. Пирӯзии таърихии «Ливерпул» бар «Барселона»

Дастаи «Ливерпул»-и  Англия дастаи маъруфи  «Барселона»-и Испанияро бо ҳисоби калон мағлуб карда ва ба бозии финалии Ҷоми Қаҳрамонҳои футболи Аврупо роҳ ёфт.

Бозии аввал дар варзишгоҳи “Камп Нов”-и шаҳри Барселона дар ҳафтаи гузашта бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи футболбозони испанӣ анҷом ёфта буд.

Ба ин далел бештари шореҳони байналмилалии футбол  ба пирӯзии “Ливерпул” бар дастаи “Барселона”, ки ситораҳои футболе чун Мессӣ ва Суарес дорад, бовар надоштанд.

Бо вуҷуди ширкат надоштани ситораҳои футбол Муҳаммад Солеҳ ва Роберто Фермино дар бозии шаби гузашта дастаи “Ливерпул” тавонист дастаи “Барселона”-ро бо ҳисоби калон шикаст диҳад.

Тӯбҳоро бозингарон Ҷорҷинио Вейналдум ва Дивок Оригӣ ба дарвозаи дастаи “Барселона” заданд.

Ҳамакнун дастаи “Ливерпул” рӯзи 1 июни соли ҷорӣ дар бозии финалӣ дар варзишгоҳи шаҳри Мадриди Испания бо ғолиби ҷуфти “Аякс”-“Тоттенҳем” қувваозмоӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner