• Administrator
  • 05.11.2018
  • 0

Ғафур-бойбачча президенти AIBA интихоб шуд

Муштзани пешин ва тоҷири ӯзбек Ғафур Раҳимов мулаққаб бо Ғафур-бойбачча, ки дар робита доштан бо олами ҷиноӣ гумонбар мешавад, президенти Эътилофи байналхалқии бокси ҳавасмандона — AIBA интихоб шуд.

Раҳимов бо 86 раъй аз 134 овоз рӯзи 3 ноябр дар шаҳри Москва президент интихоб гардид. ИМА пештар аз ин Раҳимовро бо гумони доду гирифт доштан бо «тоҷирон»-и маводи мухаддир шомили рӯйхати таҳримшудаҳо кард.

Таҳримҳои ИМА ба шаҳрвандон ва ширкатҳои Амрико иҷозат намедиҳад, ки бо Раҳимов тиҷорат кунанд. Ахиран хабар расид, ки дар сурати президенти AIBA интихоб шудани Раҳимов, ин навъи варзиш мумкин аст, аз иштирок дар бозиҳои олимии Токио дар соли 2020 маҳрум шавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.