• Саодат Розикзода
  • 15.03.2019
  • 0

Ҳасанбековро аз ҳаққи иштирок дар муҳориба маҳрум кунонидан

Варзишгари тоҷик Умед Ҳасанбековро бо ҷурми истифодаи допинг аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ  ба муҳлати чаҳор сол маҳрум намуданд.

Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) узви дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон, Умед Ҳасанбековро барои истифода намудани маводи дорувории допинг, ки ба  варзишгарон мамнуъ аст, аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои байналмилалӣ то  6-уми феврали соли 2023 маҳрум намудааст.  Дар ин бора FIAS дар сомонаи расмии худ хабар додааст.

Федератсияи  байналмилали самбо руйхати 19 варзишгарро аз 10 кишвар  — Русия (6 нафар), Қазоқистон (4 нафар), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (2 нафар), Белгия, Венесуэла, Парагвай, Сербия, Қирғизистон, Муғулистон ва Тоҷикистон (якнафарӣ) —  нашр намудааст ва зикр шудааст, ки дар истеъмоли маводи мамнуъ ё допинг дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ муттаҳам шуда, ба муҳлати ду ва чаҳор сол муҷозот шудаанд.

Мувофиқи иттилои манбаъ бар асоси Қоидаҳои зиддидопинги FIAS 12-уми сентябри соли гузашта ҳангоми ташхис дар бадани Умед Ҳасанбеков маводҳои мамнуъ — станозолол ва марбути метаболит (Stanozolol — 3-hydroxystanazolol, 4- hydroxystanozolol, 16B-hydroxystanozolol) ёфт шудааст, ки Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) онҳоро ба «рӯйхати сиёҳ»-аш ворид кардааст.

  Умед Ҳасанбекови 30-сола  дар мусобиқаи самбо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор шуд, медали нуқра гирифт. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило баъди се пирӯзӣ бар варзишгарони Тайбэйи Чин, Индонезия ва Қазоқистон ба финал баромад, вале дар даври ниҳоӣ аз Камолиддин Холмаматови узбекистонӣ шикаст хӯрд.

Бар асоси қоидаҳои байналмилалӣ, Умед Ҳасанбеков аз Бозиҳои XVIII осиёӣ дар Индонезия хориҷ ва натиҷаҳои нишондодааш дар мусобиқаи самбо бекор карда шуд. Бинобар ин, ӯ аз медали нуқра маҳрум гашт.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.