• Эмом НАЗАРОВ
  • 25.10.2018
  • 1

Даргузашти Владимир Домуллоҷонов

Собиқадори футболи  тоҷик Владимир Шокирович Домуллоҷонов дар синни 68-солагӣ аз дунё гузашт.

Ӯ солҳои охир дар Лигаи бачагону наврасони Тоҷикистон кор мекард ва баҳри рушди он саҳми назаррас мегузошт ва инчунин фаъолияти доваронро дар бозиҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон назорат мебурд.

Владимир Шокирович инсони софдиле буд, ки корашро дӯст медошт ва ба ҳама меҳрубон буд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва мухлисони футбол аз ин талафоти бузурги футболи тоҷик  андӯҳгин буда, ба аҳли хонадон ва наздикони В.Ш. Домуллоҷонов ҳамдардӣ баён мекунанд.

 

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner