• Бахтовар Сафаров
  • 07.05.2019
  • 0

Неймар ба «Манчестер Сити» мегузарад?

Ҳамлавари бошгоҳи “ПСЖ” ва яккачини Бразилия Неймар шояд рӯзҳои наздик ба Премйер-лигаи Англия гузариш намояд.

Бино бар иттилои хабаргузории Don Balon дастаи «Манчестер Сити» муддаии асосӣ барои харидории Неймар ба шумор меравад.

Тавре дар сарчашма омадааст, “шаҳриҳо” барои харидории Неймар ба “ПСЖ” 150 млн евро ва Бенжамен Менди ё Габриэл Жезусро пешниҳод намудаанд.

Неймар дар кӯтоҳтарин муддат қарори расмии худро дар бораи гузариш ба “МС” хоҳад баровард.

Ин дар ҳолест, ки Неймар соли 2017 бо арзиши рекордии 222 млн евро аз “Барселона” ба “ПСЖ” гузариш намуда буд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner