• Бахтовар Сафаров
  • 01.05.2019
  • 0

Роналду гаронарзиштарин мошин (11 млн евро) дар ҷаҳонро харид

Ҳамлавари португалии бошгоҳи “Ювентус” Криштиану Роналду мошини сабукрави Bugatti харидорӣ намуд, хабар медиҳад нашрияи Mundo Deportivo.

Бино бар маълумоти сарчашма, мошини нави Роналду тамғаи La Voiture Noire буда, арзишаш 11 миллион евро муқаррар шудааст. Муҳарики мошини мазкур дорои 1500 қуваи аспро дар бар мегирад.

Мошин метавонад суръаташро то 420км/с баланд кунад. Ба ҳар ҳол мошини нави худро ҳамлавари португалӣ то соли 2021 ронда наметавонад, зеро то ин муҳлат муҳандисон санҷиши техникӣ мегузаронанд. Хотиррасон мекунем, ки мошини нави Роналду гаронарзиштарин мошин дар ҷаҳон мебошад.

Криштиану Роналду 5 феврали соли 1985 дар Мадейра, Португалия ба дунё омадааст. Номи дуюми Криштиану ҳангоми таваллуд (фарзанди чорум дар оила) Роналду, аз рӯи интихоби падараш, ба муносибати номи президенти ИМА Роналд Рейган, гузошта шудааст.

Криштиану Роналду душ Сантуш Авейру — футболбози португалӣ, ки дар тими италиявӣ Ювентус ҳамчун ҳамлавар ва дастаи мунтахаби Португалия фаъолият мекунад. Дар таърихи тими Реал Мадрид бомбардири беҳтарин ва Португалия низ. Ӯ аз тарафи федератсияи футболи Португалия дар таърихи Португалия ҳамчун беҳтарин футболбоз ҳисобида шуд. Вай ҳамагӣ 4 маротиба соҳиби тӯби тиллоӣ гаштааст. Роналду бозингари беҳтарини ҷавон дар Чемпионати футболи Аврупо 2004 дониста шуд.

Қаҳрамони лигабартари Инглистон оид ба футбол дар мавсими 2006-2007 (бозингари беҳтарин, бозингари беҳтарини ҷавон), 2007-2008 (бозингари беҳтарин), 2008-2009. Дорандаи «Кафши тиллоӣ» (Золотая бутса) солҳои 2008, 2011, 2014 ва 2015. Соли 2008 аз рӯи интихоби УЕФА футболбози беҳтарини сол дар футболи тимии УЕФА ва Лигаи қаҳрамонҳо дониста шудааст, соҳиби «Тӯби тиллоӣ (France Football «Золотой мяч» ҳамчун футболбози беҳтарини ҷаҳон ва мукофоти «Бозигари сол, ФИФА» (Игрок года ФИФА) гардидааст.

Соли 2015 се карат дорандаи «Тӯби тиллоӣ (France Football)», ҳамчун футболисти беҳтарини ҷаҳон дар соли 2014 дониста шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner