• Бахтовар Сафаров
  • 20.04.2019
  • 0

“Тӯби тиллоӣ” насиби Месси мегардад?

Пас аз оне, ки Криштиану Роналду ва дастаи ӯ “Ювентус” аз идомаи роҳ барои фатҳи Лигаи чемпионҳо маҳрум гаштанд, Лионел Месси гӯё ягона муддаии “Тӯби тиллоӣ” боқӣ монд.

Месси тӯли 3 сол аст, ки ин ҷоизаро нагирифта буд ва акнун барои дубора эҳё кардани шоҳигарии худ дар футболи ҷаҳонӣ имконияти хубе дорад. Чаро не? Ҳатто бо дарназардошти омори Месси то ин лаҳзаи мавсими ҷорӣ худи ҳозир коршиносон метавонанд ба ӯ ин ҷоизаи бонуфузро бисупоранд. Ҳамлавари аргентинӣ мавсими ҷорӣ дар Ла Лига ва умуман ТОП-5 чемпионатҳои аврупоӣ ва Лигаи чемпионҳо ҳамто надорад. Ҳамчунин дар пойга барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин нишонзан – “Кафши тиллоӣ” агар Мбаппе дар як моҳи боқимондаи мавсим ягон мӯъҷиза накунад, пас ин унвон низ насиби Месси мешавад.

Ӯ алакай дар Ла Лигаи Испания дар 32 бозӣ ба задани 33 гол даст ёфтааст ва бо ин нишондод беҳтарин мебошад. Ва ин ягона оморе нест, ки Мессиро тавсиф кунад. Ӯ ҳамчунин бо 14 партофти самараноки худ дар ин омор дар чемпионати мазкур пешсаф мебошад. Ва агар дастаи Эрнесто Валдверде дар Мадрид ҷоми Лигаи чемпионҳоро болои сар бардорад, Месси бешубҳа муддаии ягонаи “Баллон д’Ор” мегардад.

“Нилунориҳо” дар Испания ягона бошгоҳе мебошанд, ки требл анҷом додаанд. Агар мавсими ҷорӣ калаталониҳо бори дигар “требл” кунанд, яъне ба 3 ҷоизаи имконпазири мавсим даст ёбанд, пас ин барояшон дар даҳсолаи охир маротибаи 3-юм мешавад. Бисёре аз мухлисон ва коршиносони футбол Мессиро ба он айбдор мекарданд, ки ӯ дар бозиҳои муҳими даста кӯмак намекунад, аммо ӯ бо ҳунарнамоии худ зидди “Манчестер Юнайтед” кореро анҷом дод, ки ҳамагон интизораш буданд. Ҳамчунин соли ҷорӣ барои Лео боз як омили асосии наздик шудан ба “Тӯби тиллоӣ” вуҷуд дорад, ки он ҳам Ҷоми Америка мебошад.

Ҳарчанд ин ҷоизаи дар муқоиса бо Ҷоми ҷаҳон онқадар шуҳрат надорад, вале дар сурати пирӯзӣ Месси метавонад аввалин ҷоизаро дар мунтахаби Аргентина ба даст орад. Мавсуф борҳо барои ба даст овардани унвону мартаба дар тими миллии Аргентина наздик буд, вале мунтахабҳои Олмон (дар Ҷоми Ҷаҳон-2014) ва Чили (Ҷоми Америка 2015, 2016) онҳоро сарафканда карданд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner