• Эмом НАЗАРОВ
  • 29.09.2017
  • 0

Тоҷикистон аз шумори медалҳо 8-ум шуд

27 сентябр Бозиҳои  5-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки 17 сентябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон шуруъ шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ аз рӯи 21 намуди варзиш – аспсаворӣ, баскетбол (3х3), билярд, боулинг, вазнбардорӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, гуштини анъанавии туркманӣ, гуштини камарбандӣ, гуштини озод ва юнонӣ-римӣ, кикбоксинг, кураш, муайтай, рақси варзишӣ, самбо, таеквондо, теннис, футзал, ҷиу-ҷитсу, шиноварӣ ва шоҳмот – баргузор шуд Варзишгарони мо дар намуди самбо муваффақияти бештар доштанд. Аз 9 паҳлавоне, ки дар самбо рақобат карданд, 8 нафар соҳиби медал шуданд – 2 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ. Иштироки варзишгарони мо дар намуди гуштини камарбандӣ низ қобили таҳсин аст. Варзишгарони мо дар ин намуди гуштин сазовори 27 медал – 6 нуқра, 21 биринҷӣ гардиданд.

Аз рӯи намудҳои олимпии варзиш   таэквондочӣ Манучеҳр Неъматов, гуштигири тарзи озод Искандари Рустам  2 медали нуқра ва гуштигирони юнонӣ-римӣ Абдулҳаев Суҳроб, Сафаров Мирзоамин 2 медпли биринҷӣ гирифтанд.

Тоҷикистон бо 51 медал – 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ дар ҷадвали ҳисоби медалҳо аз рӯи сифат миёни 65 дастаи иштирокчӣ ҷои 17-ум ишғол мекунад. Аз рӯи шумораи медалҳо бошад, дар ҷои 8-ум аст.

Туркманистон бо 245 медал, аз ҷумла 89 тилло ҷои аввалро ишғол кард. Чин, ки 97 медал, аз ҷумла 42 медали тилло ба даст овард, дар ҷои дуюм, Эрон бо 118 медал, аз ҷумла 36 тилло дар ҷои сеюм қарор гирифтанд. Умуман, варзишгарони 36 даста (35 давлат, дастаи паноҳандагон зери парчами Шӯрои олимпии Осиё) сазовори медали бозиҳо гардиданд.

Шоми имрӯз – 27 сентябр — дар варзишгоҳи олимпии Ашқобод маросими ботантанаи пӯшидашавии бозиҳо баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 4-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ соли 2013 дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд. Тоҷикистонро дар он бозиҳо 23 варзишгар аз рӯи 5 намуди варзиш – кураш, кикбоксинг, муайтай, боулинг ва варзиши электронӣ намояндагӣ карда, соҳиби 4 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ – гардида буданд.

 

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.