• Administrator
  • 18.02.2019
  • 0

«Бесаводӣ, омили асосии ҷудошавӣ»

Аз натиҷаи санҷиши Маркази Тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо дастгирии Бунёди канадагии «Ташаббусҳои маҳаллӣ » дар мавзӯи «Никоҳи бармаҳал: омили ҷудоӣ ва худкӯшии занон» имрӯз дар маҷмааи «Кохи афсарон» гузаронида шуд. Нахуст раиси «Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон» Хуршед Атовулло дар бораи мақсади баргузории тадқиқот суханронӣ намуда, гуфт, ки дар мувофиқа бо ҳисоботи Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ зиёда аз 11 ҳазор ақди никоҳ бекор шуда 236 зан худкушӣ намудааст. Номбурда гуфт: «Муттассифона ҷудошавии оилаҳо ва худкӯшии дар байни ҷавондухтарон сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Аз ин сабаб мо хостем сабаби асосии ин омилҳоро аз худи сокинон пурсон шавем , то ба натиҷагирӣ аз пурсиш роҳҳои пешгири пешниҳод шаванд».
Дар тадқиқоти мазкур 2500 нафар аз 17 шаҳру навоҳии кишвар ширкат варзиданд. Аз натиҷаи тадқиқот маълум шуд, ки 33 фоизи пурсидашудагон сабаби никоҳи барвақтиро дурӣ аз таҳсил, 33,2 % урфу одат, 20, 6 % камбағалӣ ва 15 % таъсири омилҳои динӣ. Наздики нисфи пурсидашудагон (44,7фоиз) бар он назаранд ,ки никоҳи барвақти ба ҷанҷолҳои оилавӣ оварда мерасонад, сеяки пурсидашудагон (35, 8 фоиз )қайд карданд, ки никоҳи барвақтӣ ба ҷудоӣ оварда мерасонад. 9,4 фоиз пурсидашудагон гуфтаанд, ки никоҳи барвақтӣ ба беморӣ оварда мерасонад , 8,1 фоиз сеяки пурсидашудагон (32,1 фоиз) сабаби никоҳи маҷбуриро дурӣ аз таҳсил , 31, 7 фоиз урфу одат, 19, 4 фоиз камбағалӣ ва 12, 7 фоиз таъсири омилҳои динӣ донистаанд. Сабаби ҷудошавии оилаҳо аз назари пурсидашудагон : 38,8 фоиз — Никоҳи бармаҳал ва маҷбурӣ , 28, 6 фоиз — муҳоҷират ва мушкилоти иқтисодӣ, 17, 2 фоиз фишори хешовандони домод, 12, 8 фоиз дури аз фармудаҳои динӣ .Ба ақидаи бештар аз сеяки (37,2 фоиз ) сабаби худкушӣ бесаводӣ буда, 31, 9 фоиз бар он назаранд, ки омили асоси хушунати хонаводагӣ аст. Инчунин 14, 9 фоиз гуфтаанд, ки сабаб никоҳи бармаҳал буда, 13, 6 фоиз никоҳи маҷбуриро сабаб донистаанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner