• Бахтовар Сафаров
  • 21.12.2018
  • 1

1,5 кг оҳан дар меъда

Дар Аҳмадободи кишвари Ҳиндустон занеро ҷарроҳӣ намуда, аз меъдааш 1,5 килограмм (3,3 фунт) ашёи ғайри қобили истеъмолро берун оварданд. Тавре хабар дода мешавад, ба беморхонаи Аҳмадобод занеро бо дарди шадиди шикам оварданд. Баъди ташхиси бемор, табибон шиками сахти ӯро дида, ба ренген фиристоданд.

Дар аксҳои ренгенӣ  дар узвҳои ҳозимаи зан банду ресмон, мехчаву ашёҳои оҳанинро дида, табибон дар ҳайрат афтиданд. Дар шушҳои зан сӯзанаки оҳанин буд, ки ба меъда дармонда, боиси дарди шадид гаштааст. Ҷарроҳон барои тоза кардани меъдаи ин зан се соат вақт сарф намуда, ӯро аз азобҳои алим халос карданд.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Тобон:

    Чаро шарҳ нест, ки чӣ тавр ин қадар оҳан ба меъдаи зан ҷо шудааст ва аз куҷо? Оё ӯ онҳоро истеъмол карда бошад ва ё ягон сабаби дигар?

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner