• Mardon
  • 16.05.2019
  • 0

100 доллар 1000 сомонӣ: Қурби сомонӣ поин меравад

Дар рӯзҳои ахир арзиши сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон дар бозори ба истилоҳ “сиёҳ”-и кишвар дар баробари асъори хориҷӣ ҷиддан коҳиш ёфтааст.

Як тоҷир аз шаҳри Душанбе, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба Tajikistan times гуфт, ки дар бозори ғайрирасмӣ нархи сад доллари амрикоӣ аз 1000 сомонӣ ҳам гузаштааст.

Ба гуфтаи вай, ҳарчанд дар нуқтаҳои фурӯши асъор дар бонкҳои тиҷоратӣ арзиши 1 доллар 9 сомонию 42 дирам муқаррар шудааст, аммо харидории доллар аз нуқтаҳои  тақрибан ғайриимкон аст.

“Онҳо аз миҷозон доллар, евро ё рубли русиро мехаранд, вале бо баҳонаи “доллар” нест, бо нархи муқарраршуда долларро намефурӯшанд. Тоҷирон маҷбур ҳастанд дар бозори “сиёҳ” бо нархи хеле баландтар аз фурӯши расмӣ доллар ё асъори дигари хориҷӣ харидорӣ мекунанд”-гуфт ин тоҷир.

Дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди болоравии нархи асъори хориҷӣ нисбати пули миллии сомонӣ маълумот ва дар бораи сабабҳои он шарҳе интишор нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони масоили иқтисодӣ далели ин вазъро ба тавозуни номатлуби содирот бар воридот ва коҳиши ҷиддии мизони пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба ватан марбут хондаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 319,9 миллион доллар мол содир карда ва мизони воридот бошад 1 миллиард долларро ташкил додааст. Яъне, тавозуни содирот аз воридот қариб се баробар камтар будааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner