101-сири пинҳонии актиёри машҳури синамо

Рози ситораҳо, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Энгин Акюрек.
Санаи таваллуд: 12 октябри соли 1981.
Мучал: Мизон.
Макони таваллуд: Анқара, Туркия.
Қад: 187.
Касб: Ҳунарпеша, нависанда.

                       Домоде, ки дар орзуяш мемиранд

Ҳунарпешаи ҷавону зебои турк Энгин Акюрек яке аз зеботарин ва машҳуртарин мардони сайёра ба шумор рафта, ба шоҳзодаи орзуҳои миллионҳо бонувон табдил ёфтааст. Садҳо ҳазор хонумҳои қашангу зебо дар орзуи ақаллан як шаб дар оғӯши ин йигит аз тобу таби ишқ сад бор мурда зинда шуданро доранд, аммо ӯ мисли ситораи дурахшонест, ки танҳо аз дуриҳои дур чашмак мезанаду халос. Силсилафилмҳои “Фотимагул” ва “Пули сиёҳ” Энгинро на танҳо дар паҳнои кишвараш, балки дар дигар мамолики олам низ шуҳратёр гардониданд. Бо шарофати ҳунари волои актёриаш Энгин ҷоизаҳои зиёдеро соҳиб шудааст. Аз ҷумла филми “Қисмат” ба ӯ ҷоизаи “Ҳунарпешаи ояндадор”, сериали “Фотимагул” ҷоизаи “Ҷаззобтарин ҳунарманди синамои турк”-ро овард, вале…

                                                         Бачаи ҳамакора

 Энгин дар шаҳри Анқара ба дунё омадааст. Падараш корманди давлатӣ, модараш бошад, хонанишин аст.  Вай як бародари чанд сол аз худаш хурд дорад. Дар давраи мактабхонӣ Энгин бисёр бачаи шӯху беқарор буд ва ҳар рӯз дар дилаш як орзуи нав гул мекард. Имрӯз мехост футболист шавад, фардо ба кружоки мусиқӣ мерафт, то ки навохтани гитара ва фортепианоро омӯзад, рӯзи сеюм инженерӣ, духтурӣ ё ягон касби дигарро интихоб менамуд. Ягона пешае, ки дар рӯйхати орзуҳои замони кӯдакии вай ҷой надошт, ин актёрӣ буд. Энгин ягон бор ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки актёр мешавад, аммо…

                        Таърихшинос дар саҳнаи ҳунар

Мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, Энгин ба Донишгоҳи давлатии Анқара дохил шуд ва якбора ду ихтисос-таърих ва лингвистикаро аз худ кард. Пас аз хатми донишгоҳ Акюрек танҳо аз рӯйи ҳаваси лаҳзаина дар як барномаи озмунии “Ситораҳои Туркия” ширкат варзида, дар бахши “Дараҷаи актёрӣ” ғолиб омада, диққати коргардонҳои машҳури синаморо бо қаду қомати зебояш ба худ ҷалб намуд. Ба ӯ пешниҳод намуданд, ки дар силсилафилмҳо ҳунару маҳорати худро озмояд ва ҷавон аз рӯйи таомули шарқиёна не гуфта натавонист. Аввалин филме, ки ин ҷавони чусту чолок дар он нақш офарид, “Домоди хориҷӣ” унвон дошт ва ба Энгин маҳбубият овард. Пас аз ин, ӯро ба филми пур аз фоҷиаи “Қисмат” даъват намуданд. Акюрек ҳунарманди касбӣ набошад ҳам, нақшашро ба дараҷаи олӣ бозида, машҳуртарин коргардонҳо ва ҳунармандони туркро ба ҳайрат овард ва соҳиби ҷоизаи “Ҳунарпешаи ояндадор” гашт.

Ҳамин тавр роҳи ин ҷавони табиатан боистеъдод ба дунёи синамо кушода шуда, Энгин дар филмҳои “Мори сиёҳ”, “….агар ман абр мебудам…” ва мелодраммаи “Румелия” бисёр нақшҳои ҷаззобу хотирмон офарид, аммо…

                         “Фотимагул”-роҳ ба қуллаи шуҳрат

Шуҳрати ҳақиқиро Энгин Акюрек баъди сериали “Фотимагул” ба даст овард. Филми мазкурро дар зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон намоиш доданд ва қаҳрамонҳои он ба кумири миллионҳо сокинони сайёра табдил ёфтанд. Бо шарофати сериали “Фотимагул” номи Энгин Акюрек дар сар то сари ҷаҳон машҳур гашта, ин ҳунарманди ҷавон ба қатори машҳуртарин актёрҳои олам ворид шуд…

      “Пулҳои ҳарому ишқи дурӯғин”

Пас аз ду сол чеҳраи зебои Энгин якбора дар ду филми нав пайдо шуда, тамошобинонро ба ваҷд овард. “Мушкилоти хурдакаки Эйлюл” дар худи Туркия шуҳратёр гашта бошад, бо шарофати сериали “Пулҳои ҳаром ва ишқи дурӯғин” бо 20 забон тарҷума шуда, тамоми қаҳрамонҳояш, махсусан Энгин Акюрекро азизи дили мардум гардонд. Ин ҳунарманди турк бо шарофати “Пулҳои ҳаром ва ишқи дурӯғин” дар Русия низ шуҳратёр гашт ва шумораи мухлисонаш аз ҳисоби тамошобинони рус чанд маротиба   афзун гашт…

                                   Машҳур, вале хоксор

Одатан одамони машҳур чунон мағруру худписанд мешаванд, ки биниашон осмонро мехарошад, вале Энгин Акюрек бо ҳама шуҳрату маҳбубият бисёр ҷавонмарди ҳалиму хоксор аст. Вай ҳамсуҳбати хуб буда, ба зудӣ бо ҳама гуна шахс дил меёбад, зеро бисёр мутолиа карда, инсони бофарҳанг ва дидадаро аст.                                       Актёр+нависанда

Машғулияти аз ҳама дӯстдоштаи Энгин китобхонӣ мебошад. Вай ба адабиёт шавқу завқи зиёд дошта, на танҳо асарҳои адибони турк, балки китобҳои чандҷилдаи нависандагони хориҷиро низ мутолиа менамояд. Дар баробари хонандаи хуб буданаш ин ҷавони боистеъдод ҳунари нависандагӣ низ дорад. Аллакай зиёда аз 10 ҳикояи Энгин Акюрек ба табъ расида, дӯстдорони адабиёт боварии комил доранд, ки дар ин ҷода низ ӯ хеле машҳур ва маҳбуб хоҳад гашт.
                  Энгин ва Фотимагул ошиқу маъшуқанд?

Энгин дар Твиттер ва Инстаграм саҳифаҳои хешро дорад, аммо мисли дигар ҳунарпешаҳо аз ҳаёти шахсиаш лоф назада, танҳо дар бораи фаъолияти ҳунариаш менависад. Бо ҳамин сабаб дар бораи ҳаёти пасипардагии ӯ мардум хеле кам медонанд. Пас аз сериали “Фотимагул” овозае паҳн гашта буд, ки Энген ва Фотимагул на танҳо дар филм, балки дар ҳаёти воқеӣ низ ошиқи шайдои ҳамдигаранд. Мухлисон интизори хабари тӯйи арӯсиву домодии ин ду ҳунарманди ҷавону зебову машҳур буданд, вале ситораҳо овозаҳоро рад намуда, изҳор доштанд, ки онҳо танҳо дар саҳна зану шавҳаранд.


Ҳангомасозон пас аз ин Энгинро ошиқи шайдои ҳунарпешаи машҳури турк Туба Буйкустун бароварданд, зеро ин ду ҳунарманд дар филми “Пулҳои ҳаром ва ишқи дурӯғин” нақши дилдодагонро мебозиданд. Бо шарофати ин сериал Энгин ва Туба соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин ҷуфти ошиқ” гашта бошанд ҳам, дар суҳбат бо журналистон иброз доштанд, ки дар асл онҳо ба ҳамдигар танҳо муҳаббати хоҳаронаю бародарона доранду халос.

          Умри ишқ кӯтоҳ аст                             

Энгин бо Тувай Тюркай муносибатҳои ошиқона дошт. Ин бонуи зебо дар филмҳо нақшҳои дуюмдараҷаро бозад ҳам, тавонистааст калиди дили Энгин Акюрек барин марди шуҳратёрро ба даст оварда, як муддат маликаи орзуҳои ӯ гардад, аммо тавре, ки мегӯянд, умри ишқ кӯтоҳ аст. Пас аз ба анҷом расидани наворгирии филм ошиқон дарк намуданд, ки барои ҳамдигар офарида нашудаанд ва бе ягон ҷангу ҷанҷолу моҷаро аз ҳам ҷудо шуданд.

                                     Энгин киро ба занӣ мегирад?

Шояд шумо ба ҳайрат омада бигӯед: Наход чунин ҷавонмарди зебову машҳур ягон арӯс надошта бошад?! Ором шавед, албатта Энгин дар зиндагӣ танҳо нест. Аввалҳои соли 2018 дар рӯзномаву маҷаллаҳои туркӣ қиссаи ишқи Энгин Акюрек ва зебосанами оҳучашм Ҷонсу Дарё расонаӣ гашт. Мухлисон интизор буданд, ки Энгин боз ба ғазаб омада, овозаҳоро рад мекунад, аммо ситора хомӯш буд. Сукут аломати ризо гуфтани халқ беҳуда нест. Дертар маълум гашт, ки Энгин ва Ҷонсӯ дар ҳақиқат ошиқи зори ҳамдигар гаштаанд ва дигар ҳатто як лаҳзаи ҳаёташонро бидуни ҳам тасаввур карда наметавонанд. Онҳо ба тамоми ҷашну маъракаҳо якҷоя меоянд. Акюрек дар пеши чашми журналистон ошкоро ба Ҷонсӯ комплимент карда, бо ин амалаш нишон медиҳад, ки муносибатҳои онҳо бисёр ҷиддианд ва Худо хоҳад, ба наздикӣ хабари тӯйи арӯсиву домодиашонро ба тамоми мухлисон мерасонанд…

Мо ба ин ҷуфти зебо бахти сафед ва парвозҳои нав ба нави эҷодиро таманно дорем!

Шаҳло Ниёзова

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply