117 нафар фиребхӯрдагон ба Ватан  баргаштанд

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарӣ гуфт,ки  дар як соли гузашта дар Русияву Ироқ 250 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, 117 ҷангии тоҷик ихтиёран аз он ду кишвари ҷангзада ба Ватан баргаштаанд.

Раҳимзода гуфт, ки  дар соли гузашта 117 зодаи Тоҷикистон аз Ироқу Сурия ихтиёран ба Ватан баргаштанд. Тоҷикистон ба он ҷангиёне, ки бо изҳори пушаймонӣ ба Ватан баргашта, худро ба мақомот месупоранд, ваъдаи афв ва раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноятиро додаанд.

Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабариаш ҳамчунин гуфт, мақомоти вазорати дохилаи Тоҷикистон дар тӯли соли 2017 аз 36 кӯшиши анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави кишвар ҷилавгирӣ кардаанд. Ҳамин тавр, бо кумаки мақомоти милисаи Тоҷикистон дар соли гузашта, ба гуфтаи Раҳимзода, аз 5 ҳамлаи террористӣ дар Русия, аз ду ҳамлаи террористӣ дар Ӯзбекистон ва якҳамлаӣ дар Чин, Украина ва Қазоқистон пешгирӣ кардаанд.

Тавре Вазир иттилоъ дод, дар давоми соили сипаришуда дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 18 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст,ки нисбати як сол пеш 262 ҷиноят бештар аст. Шумораи кушторҳо дар соли гузашта 108 то буда ,шумораи ҷинояти вазнини дигар таҷовуз бюа номус 53 то ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми сол кормандони зиддисӯхтор бешат аз 300 миллион молу колои шаҳрвандонро аз оташ наҷот додаанд.

 

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “117 нафар фиребхӯрдагон ба Ватан  баргаштанд

  • Ахсан ба хамин вазир. Бовар кунед бисер инсони кордон

Leave a Reply