• Mardon
  • 08.04.2019
  • 0

14 минтақаи Тоҷикистон аз сел осеб дид

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, сел ба минтақаҳои Дарвоз, Ванҷ, Шамсиддин Шоҳин, Мӯъминобод, Темурмалик, Ховалинг, Восеъ, Кӯлоб, Спитамен, Мастчоҳ, хуҷанд ва Панҷакент, дар маҷмӯъ ба 14 минтақа зарари калон ворид кардааст.

Бар сари ҷорӣ шудани сел манзили сокинон, заминҳои наздиҳавлигӣ, роҳҳои автомобилӣ, кӯпрукҳо осеб дидаанд.

Танҳо дар қисматҳои ҷанубӣ ва марказии Тоҷикистон беш аз 90 манзили сокинон бар асари ҷорӣ шудани сел осеб дидаанд.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.

Ҳоло барои рафъи оқибатҳои сел дар минтақаҳо кормандони КҲФ, техникаи махсус фъолият мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз идомаи борандагиҳои шадид дар ҳудуди кишвар то 10 апрели соли ҷорӣ хабар додааст.

КҲФ ҳушдор додааст, ки дар натиҷаи об шудани барфи кӯҳистон ва борандагиҳои шадид мумкин аст сатҳи оби дарёи кӯлҳо баланд шуда, хатари шустани соҳилҳо, фаромадани тарма, сангрезаҳо вуҷуд дорад.

Аз ин лиҳоз, КҲФ аз сокинони Тоҷикистон даъват кардааст, ки дар ин муддат аз сафар ба минтақаҳои хатарноки кӯҳистонӣ худдорӣ кунанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner