15 июн Иди саиди Фитр таҷлил мегардад

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Имсол Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 15 июн таҷлил мегардад. Дар ин бора имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки бо иштироки аъзои Шӯрои уламо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар баргузор гардид, қарори дахлдор қабул кард.

Ҳамин тариқ, рӯзи ҷумъа, 15 июн, соати 6:00 субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон намози ид барпо мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки соли равон моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 17 май оғоз гардида, мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20 400  сомонӣ муқаррар шуда буд, ки аз он 510 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 5 сомонӣ ва фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазон барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва беморон ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муқаррар гардидааст.
Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол таҷлил мегардад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “15 июн Иди саиди Фитр таҷлил мегардад

Leave a Reply