2 000 даъватӣ ба Қӯшунҳои сарҳадӣ пайвастанд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Тибқи иттилои Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ, дар Рӯзи Парчами давлатӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт», «Ҳалқаёр», «Хоруғ» ва «Лангар», ҳамзамон дар Отрядҳои сарҳадии «Дарвоз», «Панҷакент», «Истравшан», «Деваштич», «Исфара», «Ашт» ва «Мастчоҳ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чамъомади тантанавии савгандёдкунии зиёда аз 2 000 нафар сарбози даъвати тирамоҳи соли 2018 баргузор гардид.

Дар ин чорабиниҳо раисони шаҳру ноҳияҳо, Роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, сардорони Марказҳои таълимӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони Хадамоти сарҳадии Федератсия Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар мақомотҳои қудратӣ, падару модарони сарбозон ва собиқадорон иштирок намуданд.  Роҳбарият ва сардорони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар назди меҳмонон ва сарбозон баромад намуда қайд карданд, ки маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзӣ имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу суббот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд.

Таъкид гардид, ки мубориза бар зидди ҳамагуна хатарҳои эҳтимолӣ ба хусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳар як афсару сарбоз омодабошии доимии ҳарбиро тақозо менамояд. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ин садоқат ба Ватан ва Савганди ҳарбӣ мебошад.

Инчунин, дар назди ҳозирин падару модарон баромад намуда ба онҳо хизмати софдилонаро дар ҳифзи марзу буми кишвар орзу намуда, қайд карданд, ки хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт мебошад.

Э. НАЗАРОВ


Поделиться новостью в социальных сетях:

5 комментарий

  • Аз хамада чои хатарнокаш кисми ХАРБИИ 2630 «Халкаёр»

    • Апаи Саида:Фикр мекнам кисми ХАРБИИ 08010 дар ончо сарбозони нав даъватшуда то кабули савганди харби ба мудати аз 1-мох то 2-мох нигох дошта мешаван ва баъдан онхоро ба гушаю канори Чумхури барои давом додани хизмат ба кисмхои харби равона мекунанд.
      Агар сарбоз хамаи фармонхои командирону сержантхояшонро бе чуну чаро ичро кунад,бояд аз тарафи муовини командири баталён оид ба таълиму тарбия махсус гузориш пешниход карда шавад ва сарбозро бо хамин кисми дар боло зикр шуда меоранд то ки дониши харбиро аз худ намояд ва ин на ба хамаи сарбозон мувафак мегарданд.
      КИСМИ ХАРБИИ 08010 чи чои хатарнокаш хаст?))
      Дар дохили ШАХРИ Душанбе чойгир аст,факат аз руйи речаи руз сарбозон амал мекунанд ва ба дарсхо таёри чидди мебинанд..мисли Кушунхои Сархади азоб надоранд.

Leave a Reply