20 000 қарзи  театр — чаро Нигоҳи нав  фарзанди ӯгай аст?

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Соли равон дар Душанбе бояд 7-умин Фестивали байналмилалии театрии “Нигоҳи нав” баргузор мешуд, аммо он сурат нагирифт. Вақтҳои охир гурӯҳи театрии “Нигоҳи нав” низ хомӯшанд ва ба таҳияи спектакл машғул нестанд. Чӣ шуд, ки ин ҷавонони пуршӯр оҳиста-оҳиста канор мераванд ва ҳатто ҷашнвораи маъмулиро баргузор накарданд? Ба ин саволҳо аз директори фарҳангии Фестивали баййналмилалии театрии “Нигоҳи нав” Далери Эмомалӣ посух гирифтем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон менамоем.

-Далер, сабаб дар чӣ буд, ки соли ҷорӣ фестивали “Нигоҳи нав” баргузор нагардид?

-Сабаби асосӣ  мушкилоти молӣ аст. Чун дар фестивали охир 20 ҳазор сомонӣ қарздор шуда, маҷбур аз бонк қарз гирифтем ва давоми 7-8 моҳ маблағи онро аз ҳисоби маошамон пардохт намудем. Ин, албатта, даҳшатовар аст, ки як фестивали байналмилалӣ қарздор шавад. Бинобар ин, имсол аз гузаронидани ҷашнвора худдорӣ кардем. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо аз масъулиятамон даст кашидем. Мо ҳатман дар соли 2019 ҷашнвораро баргузор менамоем. Аламовар он аст, ки Кумитаи ҷавонон ва  Вазорати фарҳанг ба мо кам таваҷҷуҳ намуданд. Ман борҳо гуфтааму мегӯям, ки ба “Нигоҳи нав” чун ба фарзанди ӯгай муносибат накунед! Мо ҳам ҷузъи ҳаёти фарҳангии мамлакат ҳастем ва мо ҳам барои баланд бардоштани маънавиёти мардум, рушди театр ва ворид намудани ҷараёнҳои ҷадид дар театр фаъолият мекунем. Аз ҳолу аҳволи мо шумо хабардор, мо бемаош кор мекунем ва ҳатто барои тамрин бино надорем.

-То имрӯз шоҳҷоизаҳои фестивали байналмилалии “Нигоҳи нав” –ро киҳо ба даст оварданд?

-Соли 2012 шоҳҷоизаи моро намоиши “Модар – Ватан” –и ҳунармандони театри Конибодом, ки коргардонаш Муҳиддини Музаффар буд, ба даст овард.  Соли 2014 шоҳҷоизаи мо насиби намоиши “Ҷеғи бунафш” –и  коргардон Файзулло Файзов гардид. Соли 2017 бошад, шоҳҷоизаи моро намоиши “Орзуҳои Наташа”- ҳунарпешагони Театри марказии драматургӣ ва коргардонии Русия ба даст оварданд.

-Дар бораи вазъи имрӯзаи гурӯҳи театриатон ҳарф бизанед…

-Соли 2012 нахустин  фестивали театрии “Нигоҳи нав” баргузор гардид ва дар заминаи он мо аз ҳисоби волонтёрон ва роҳбарони фестивал, соли 2013 як гурӯҳи театрӣ таъсис додем. Ин гурӯҳи театрӣ ба ҳама мушкилоти  иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷомеа мавқеъ пайдо кард. Аммо бо вуҷуди ҷаҳду талошҳоямон моро дастгирӣ накарданд, вале мо дилшикаста нашудем. Чун муҳаббати тамошобин буд, кор кардем. Ба мо директори Маркази кӯдакону наврасони Душанбе Комилҷон Холов ва  роҳбари театри “Падида” Шарофат Рашидова кумак мекунанд, барои тамрин шароит фароҳам меоваранд, ки аз онҳо изҳори сипос мекунем. Инчунин, сипос аз дӯстони дохиливу хориҷиамон, ки моро танҳо нагузоштаанд.

— Ба наздикӣ барои ширкат дар яке аз ҷашнвораҳои театрӣ ба Эрон сафар карда будед. Таассурот аз ин сафар чӣ гуна аст?

— Сафар ба Эрон сафари нахустини хориҷии гуруҳи театрии мо нест.  Хушбахтона, то ин вақт мо сафарҳои зиёд доштем, вале ин сафарамон аз сафарҳои қаблӣ фарқ мекард. Бо вуҷуди он ки мушкилоти молӣ доштем, аммо ин монеи мо нашуд. Дар фестивали театрҳои хиёбонӣ намояндаи 13 давлати ҷаҳон ширкат доштанд, ки тақрибан 30 намоиши хиёбонӣ таҳия карданд.  Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора мо намояндагӣ кардем, яъне масъулияти хеле бузурге доштем.  Замоне ки мо бояд баромад мекардем, борони шадид борид ва натавонистем, ки аз лиҳози техникӣ омодагии хуб бинем.  Вақте ки борон як лаҳза монд, ҳама ҷамъ омаданду гуфтанд, ки  бояд номоиши тоҷиконро бинем. Мо саросема дар ним соат саҳнаамонро ҷо ба ҷо карда, намоишамонро пешниҳод кардем.  Аксари ҳайати доварон ва тамошобин аз намоиши мо розӣ буданд.

-Айни замон дар рӯйи ягон асар кор карда истодаед? Тамошобин аз шумо чӣ интизор шавад?

-Мо кӯшиш мекунем, ки ақаллан дар як сол як намоишро ба рӯи саҳна биёрем. То имрӯз чор намоишро бо коргардон Сом Ҷаводӣ, ки феълан муқими Амрикост, рӯйи саҳна овардем. Соли 2016 коргардон Комил Суғдиён намоиши  “Ман ва ман”-ро таҳия кард. Соли 2017  ҳунарманди театри мо Ҷумъахон Рустамӣ як спектакл таҳия кард.  Айни замон мо ягон тасмими ҷиддӣ надорем. Вале робитаамон  бо Сом Ҷаводӣ қавӣ аст. Моҳҳои  наздик Сом аз Амрико ба Тоҷикистон бармегардад ва давоми чанд моҳе, ки ин ҷо мемонад, ба наворгирии  филмеро дар нақша дорад.  Дар баробари ин мо як намоиши нав таҳия карда, пешкаши тамошобинон менамоем.

— Ба шумо дар ин ҷода барор мехоҳем.

Бахтовар Сафаров, коромӯзи “Тоҷикистон”


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply