• Бахтовар Сафаров
  • 25.12.2018
  • 2

20 сол дар даруни кӯл

Яке аз сокинони Бенгалияи ҷанубӣ бо исми Патаруни Гош 20 сол боз  тамоми рӯзашро дар даруни оби кӯл мегузаронад. Ин зан гирифтори бемории нодире мебошад, ки танҳо тавассути об онро табобат кардан мумкин аст. Бо сабаби беморӣ ҷисми ин ҳиндузан пайваста илтиҳоб гирифта, дард мекунад. Азоби Патаруниро танҳо об камтар месозад, аз ин лиҳоз, зан ҳамарӯза 12-14 соат дар даруни кӯл мешинад. Ҳоли зан аз таъсири нурҳои сӯзони офтоб хеле бад мешавад, вале Патарунии бечора, ки умраш аллакай ба 65 расидааст, аз гармӣ нафасгир шавад ҳам, маҷбур аст, ки аз об берун набарояд. Камбизоатӣ ва надоштани маблағи кофӣ имкон намедиҳад, ки зан ба табибон муроҷиат намояд.

Поделиться новостью с друзьями:


2 комментариев

  • Тобон:

    Бечора. Ҳамин хел ҳам мешудааст-да. Худо ба ҳама саломатӣ ато бинмояд. Омин.

  • Сомони:

    наход шахсе ефт нашавад ки ба ин зани бечора барои табобат маблаг ердам кунад ,раисони хукумати шахру нохияю ,вилоят барои чи лозимаст

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.