• Mardon
  • 15.05.2019
  • 0

20 соли беобӣ дар Хуросон: Роҳбарон меоянду мераванд, аммо натиҷа ку?

 Аз 111 ҳазор аҳолии ноҳияи Хуросон қисмати андаки онҳо, яъне 19 дарсадашон бо оби доимии нӯшокӣ таъминанд. Зиёда аз 20 сол инҷониб роҳбарияти собиқу имрӯзаи ин ноҳия наметавонанд, ки мардумро бо об таъмин кунанд.

                                        “Об дар кӯзаю…”

На танҳо ҳастии инсоният ба об вобастагӣ дорад, балки гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, хулоса, зиндагии осоишта ва ободию озодагӣ аз об сарчашма мегирад. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об буда, дар дунё яке аз сарзаминҳои сероб ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди мавҷуд будани захираҳои кофии об, бархе аз сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҳоло дар мисоли истиқоматкунандагони ноҳияи Хуросон, аз нарасидани оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза танқисӣ мекашанд. Зиёда аз 20 сол инҷониб роҳбарияти собиқу имрӯзаи ин ноҳия наметавонанд, ки мардумро бо об таъмин кунанд. Ба гуфти аҳолӣ «меоянду мераванд».   

Аксар сокинони ноҳияи Хуросон дар назди хонаҳояшон чоҳ кофта, баҳри қонеъ кардани эҳтиёҷоти хеш онҳоро дар фасли боришот бо оби борон ва дигар вақт бо оби харида пур мекунанд.

Қодиралӣ Забиров, сокини ҷамоати шаҳраки «Обикиик»-и ноҳия, бо таассуф изҳор намуд, ки аз набудани об киштзорҳояшонро соле як маротиба фақат дар фасли баҳор шодоб карда метавонанд. Дигар вақт заминҳо холӣ мемонанд. Ба қавли ӯ, аз соли 1994 то ин ҷониб мушкилоти набудани об роҳи ҳал пайдо накардааст. “Чоҳро бо оби борону барф ва оби харида пур карда, кӯшиш мекунем, ки онро сарфакорона истифода барем. Агар об тамом шавад, маҷбурем, ки аз ҳамсоя об талабем”, — афзуд вай.

Солҳо боз наомадани об тавассути хатҳои обгузари ба истилоҳ давлатӣ бошандагони биноҳои 5-ошёнаи маҳаллаи Исмоили Сомонии маркази ноҳияро бештар аз ҳама нигарон кардааст.     Муродгул Юлдошева, истиқоматкунандаи ин маҳалла, зимни суҳбат иброз намуд, ки дар бинои онҳо 60 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Аксари онҳо дар ҳавлии бино барои аъзои оилаи худ чоҳ кофта, обро дар онҳо бо ёрии мошинҳои обкаш захира мекунанд. «Чанд сол аст, ки масъулин ба мо ваъдаи биноро бо об таъмин кардан медиҳанд, аммо то ҳол он ваъдаҳо иҷро нашудаанд», — илова намуд ӯ.

Машраби Аловиддин, рӯзноманигор

Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner