22 нафар қурбонии шӯриш дар зиндони Хуҷанд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар шӯриши шаби гузашта дар зиндони шаҳри Хуҷанд дастикам 22 нафар ба ҳалокат расидааст. То ба ҳол марги ду зиндонбон дар ин ҳодиса тасдиқ шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар байни зиндониҳо ва нозирони маҳбас теъдоди захмиҳо зиёд аст. Шаш зиндонбони захмӣ ба бемористони шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтанд. Дар бораи теъдоди зиндониҳои маҷруҳ маълумоти дақиқ дар даст нест, але баъзе манбаъҳо онҳоро то 50 нафар гшуфтаанд.Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар ин бора хабар надода, рақами мушаххасеро дар мавриди кушташудаҳо ва захмиҳо баён накардаанд. Манобеъ мегӯянд, феълан ҳодисаро як кумиссюни махсус таҳқиқ дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply