3-талоқу ду марг

ДИН ВА ҶОМЕА, НТМ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Зулайхои 22 сола дар деҳаи Гарадоки н.Ҳисор қасд ба ҷони худ намуда, худро аз байн бурд.

 Тавре ба хабарнигори «Tajikistantimes.com»  модари марҳум Ҷонбибӣ гуфт:

Духтарамро чанд муддат пеш аз сабаби  ҷангу ҷанҷоли хонаводагӣ шавҳараш талоқ дода, бо кӯчу бандаш ба хонаи мо оварда партофт. Зулайхоям сабаби ҷудоияшонро ба мо шарҳ надод, чунки дардаш бузург буду бо касе гап задан намехост. Мо низ барои асабҳояшро ноором нагардонидан ба духтарамон суоле намедодем. Дар деҳа туй буд ва ҳамроҳи ҳамсояҳо дар туйхона будам. Вақте келинам ба туйхона омаду маро аз ин қазия огоҳ кард, ҷонам аз танам қариб баромад. То хона духтарам гуфта давида омадам, вале духтари дар зиндаги ҷафодидаам алакай худашро дар боғи ҳамсоя ба дор овехатааст.  Духтарам ҳомиладор буд ва шавҳари ноинсофаш хотири фарзандаш  накарда, духтарамро талоқ доду бечора тобу тоқати ин зарбаи тақдирро накарда, қасд ба ҷони худ намуд. Мо ба ташхиси тибӣ ҷисми зулайхоро бурдем, ба додгоҳ муроҷиат намудем вале то ҳол чорае аз руи он номарди бехудо ҷуста нашудааст гуфт модари Зулайхо Чонбибӣ.

Рустам Азимӣ

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

12 комментарий

  • Дарди ин духтаракро ман медонам. Аз шиддати дарду гамаш худашро куштааст. У агар барои шикасти бахташ сабр мекард, бурд мекард.

  • Дар ин шабу руз набояд духтаракро танхо мегузоштанд

  • хайфи чунин заннхоеи сабукфикре, ки барои як гапи баланд худошона мекушанд…

  • Агавр шавхари номардаш талок намеддод на ба чони кудак чабр мешуду на ба чони модараш

  • Боз дар хисор э дига кор надорен ки хабарои Хисори моя менависен айбай сири ин коро пушида бояд монад…

  • Хайфи падару модар, ки фарзанда калон мекунанду фарзандои беакл хизмати падару модарро ба назар нагирифта даст ба худкуши мезанананд

  • бебахт мондам, бехтар ки худамакушам гуфтас дия

  • занхо бисер худкуши мекнан аклашон каму муйи саршон дроз

  • Хайфи у ки ба амонати Худованд хиёнат кард агар сабр мукард холо бурд карда буд

  • Хамма ин ҷо фикри худро хар ҳела менависан, неки намедонанд, ки дар пешонаи ҳар як инсон худованд умру рузҳои баду хушашонро навиштаги

  • ХУДОВАНД ҲАМАДА САБРИ ҶАМИЛ ТИЯ БИСËРТАР ДУХТАРОДА БАРОЙ ДУХТАРА МУЯШ ДАРОЗУ АҚЛАШ КАМАСТ
    АПАҶОНО ХОҲАРҶОНО АЙ МАЙ ОДАМИ ГАНДА ЯК НАСИҲАТИ БАРОДАРОНА ШУМОДА ОШИҚ НАШЕН САБР КНЕН ОЯНДА ХУШБАХТ МЕШЕН

Leave a Reply