• Рустам Азимов
  • 04.10.2017
  • 14

3- талоқи кардамро ба ҳеҷкас нагӯй

Дар 18 солагиям шавҳарам маро талоқ дод. Сабабаш он буд, ки ман ба зиндагии оиладорӣ тайёр набудам ва наметавонистам хоҳишҳои зиёди шавҳарамро иҷро кунам.

Рӯзе дар сари қаҳру ғазаб ӯ талоқи маро дод ва пас аз як лаҳза пушаймон шуда, дар пеши поям афтид, ки ин сирро ба ягон кас нагӯй, гӯё чизе нашуда бошад, зиндагиамонро идома медиҳем. Мани дар зиндагӣ хом гаранг шудам, ки чӣ кунам. Шавҳарам пойҳои маро мебӯсид ва зориву тавалло карда мегуфт: “ Ман аз гапи гуфтаам сахт пушаймонам, агар туро се талоқ карданамро ба модарам нагӯӣ, умре, ки дорам, ба сарат даст намебардорам ва туро тори сар карда мегардам…”

Фирефтаи суханонаш гашта, ваъда додам, ки ин гапро ҳаргиз ба ҳеҷ кас  намегӯям.

Ҳамин тавр баъди талоқ доданаш боз ду ҳафтаи дигар зиндагӣ кардем. Ҳар шаб хобҳои бад медидам. Дар хобам касе маро думболагирӣ мекард ва “ту ҳаром ҳастӣ, зиндагиат ҳам ҳаром аст” гӯён, мехост буғӣ карда кушад. Тоқатам тоқ шуду  дарди диламро ба апаам гуфтам. Ӯ ин гапро нарезондаву начаконда ба шавҳараш гуфтааст. Язнаам, ки аз дини ислом бохабар аст, гуфтааст, ки зиндагии хоҳарат ҳаром аст ва бо марде, ки ӯро се талоқ кардааст, дар як болин сар гузошта, гуноҳи кабира мекунад.

Хулоса, ин сир ошкор гашт ва маро се талоқ кардани шавҳарам дар байни тамоми аҳли авлод овоза шуд. Падару модарам ба хонаи шавҳарам омаданд ва зӯран маро бо кӯчу бандам ба хона бурданд. Шавҳарам гиряву зорӣ карда мегуфт, ки вай зани сар медодагӣ надорад, вале касе ба гапаш гӯш намекард.

Пас аз чанг рӯз ба идораи САҲШ-и ноҳия рафта, расман ҷудо шудем.

Баъд аз ин ҳодиса шавҳарам девона шуд. Ҳар рӯз шароб нӯшида ба хонаамон меомад ва маро бурдан мехост, вале бародарони муштзӯрам “талоқашро додӣ, аз хоҳари мо дигар чӣ мехоҳӣ?!” гӯён, ӯро зада-зада аз дар берун мекарданд. Шавҳарамро дӯст медоштам ва мехостам ҳамроҳаш равам, вале аз тарси волидонам ба ин ҷуръат намекардам. Қариб 100 маротиба аз пушти дари мо навмед баргашта, оқибат шавҳарам ба тақдир тан дод ва пою қадамаш канда шуд. Баъдтар аз забони баъзе ҳолдонҳо шунидам, ки сари қаҳр рагҳои дасташро бурида, ба беморхона афтидааст. Хостам ба аёдат равам, вале модарам садди роҳам гашта, намонд, ки аз ҳоли шавҳарам хабар бигирам.

Хонандагони азиз! Ман Умедро аз ҷонам бештар дӯст медорам ва бисёр мехоҳам дубора сар ба оғӯшаш гузорам, вале волидонам мегӯянд, ки дигар ба ҳам якҷо шудани мо дар ду дунё имкон надорад ва агар ман баъди се талоқ карданаш боз бо шавҳарам зиндагӣ кунам, рӯйи ҷаннатро намебинам. Сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам. Илтимос, ягон роҳи ҳалли ин масъаларо ба ман нишон диҳед, вагарна дар фироқи рӯйи шавҳарам мемирам!

Ш, аз ш. Қурғонтеппа

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Шабнами Ҳабибуллоҳ:

    Ба маркази диншиносии нохия мурочиат кунед хохари азиз фатвои худро доранд

  • зома:

    Бале мурочиат карда мумкин аст бо шавхари худ дубора никох ва закс карда зиндаги кунед аввалаш ба макомоти дахлдор мурочиат намоед ва сипас мумкин аст пинхони ба шавхари худ вохури карда аз холи дили зораш хабардор шавед мумкин аст то хол оиладлр шуда бошад сипас корхои шумо бефоида дар нимарох намонад.

    • khalidabu771 gmail@.ru:

      Ассаламу ъалайкум ва рахматуллох
      раками идорай муфтиёт барой мо лозим шудаст
      ягом нафар донад равон мекардед
      АЛЛОХ аз шумо рози бошад

  • Хурмат:

    Ба Шурои уламо мурочиат кунеду вокеаро хамон тавре, ки буд шарх дихед, фатво диханд агар, боз бо шавхарат якчоя зиндаги мекуни.

  • илхом:

    шариати худо хазлу шухи надорад барои хамин аз аввал эхтиёткорона рафтор бояд кард. Модоме,ки талокатро додааст аз паи зиндагии дигар шав ва халоли худро харом нагардон, зеро оби рехта дигар чамъ намешавад. тВа дигар бо ин мард зиндагии ту хуш намегузарад. агар у ба кадри мухаббати ту мерасид ин калимаи бадро ба забон намеовард.

  • Бедил:

    Салом алекум ба хама. Ба ин хохар аввал тавсия медихам ки ба маркази исломшиноси мурочиат кунад ва бовар дорам халли муаммои худро Худо хохад ёфт. Зеро аз шуниданам дар дини Ислом 4 мазхаб вучуд дорад. Кабл аз вафоташ хазрати пайгомбарамон Мухаммад (с) васият намудааст ки пас аз у чахор олими дини Ислом ба дуне меоянд. Хар яке дар дини Ислом бенихоят кави ва олим мешаванд. Хар яки онхо хукуки фатво доданро доранд ва фатвохои додаи онхо ки хак аст истифода намоед гуфтанд. Он кас фармудаанд ки Мусалмон метавонад аз фатвохои онхо истифода намояд. Дар масалаи никох ва талок аз фатвохои додаи онхо шунида будам, ки дар дини Ислом масалаи мафхуми як талок ду талок ва е се талок ё чор талок мавчуд нест. Зеро аз ривоятхои шунидаам рузе назди пайгомбарамон хазрати Мухаммад (с) як мард омада аз хамсараш сахт шикоят мекунад ва мегуяд ки уро эхтиром намекунад ва гайра. Хазрат мегуфнд ки агар бисер муносибати токатфарсо бошад майлаш чавобашро яъне талокашро дех. Хамин тавр хам мешавад ба зан талок дода мешавад ва зан ба хонаи волидонаш меравад. Пас аз гузаштани мухлат зан пушаймон мешавад ва омада узрхохи карда илтимос мекунад ки боз никох кунад ва уро дубора ба зани гирад. Аз хазрати пайгомбарамон Мухаммад (с) он мард мепурсад чи кор кунам. Хазрат фармон медиханд ки агар зан ислох шуда бошад метавонад боз дубора уро ба зани гирад. Хамин тавр хам мешавад. Пас аз дубора никох кардан боз зан нагмахои каблиашро оиди беэхтироми ва худписандиро идома медихад. Мард боз дилбазан шуда ба назди пайгомбарамон хазрати Мухаммад (с) омада мепурсад ки чи кор кунад. Боз хазрат фатво медиханд ки у хукук дорад талоки чунин занро дихад. Бори саввум хам чунин ходиса рух медихад. Яъне ин мард ба назди хазрати пайгомбарамон Мухаммад (с) се маротиба дар вактхои гуногун ва алохидаги ва фурсатхои алохида меояд ва дар вактхои гуногун пас аз фурсат додан талок медихад. Хазрати Имоми Аъзам ин ходисаро чунин шарх медиханд ки агар мард занашро як талок кунад як талок хисоб мекунад ё ин ки мард се талок кунад се талок хисоб мекунад. Аммо хазрати Имом Молик ин холатро дигар гуна шарх медиханд ва мегуянд ки дар Ислом раками талок вучуд надорад. Зеро он мард дар вактхои гуногун ва миени онхо фурсатхои гуногун ба назди пайгомбарамон барои тарбия кардани хамсараш дар се маврид се маротиба алохида алохила талок додааст. Яъне максади талок доданам тарбия будаст. Барои хамин номбурда дар чунин акида хаст ки дар як чумла се амалхои миенаш фурсатдоштаро ичро кардан номумкин аст ва гайриимкон. Боз дар Дини Ислом як коида мавчуд аст ки Дини Ислом сабукиро яъне осониро мепарастат. Аз шуниданам Хазрати пайгомбарамон Мухаммад (с) гуфтаанд, ки эй умматони ман пас аз ман чор олиме тавлид мешавад ва агар шумо дар зиндаги дар мондаед аз фатвохои ин олимон истифода баред ки барои Шумо осон бошад. Шахс хукук дорад аз ин е он гуфтахо истифода намояд ки барои у осон бошад. Ба ин хохар боз тавсия медихам ки дилшикаста нашвад ва ба маркази исломшиноси рафта маслихат пурсад.

  • мадина:

    Асалом мехохам ба ман маслихат дихед ки чи кор кунам. Рузе шавхарам маст шуда шаб дер омад. Асосан факат у менушад. Ман аз кахр ба у гуфтам чавобамро дех зиндаги намекунам.Як писарча дорам. У касам хурд ки намехурад дигар аммо ман бовар намекунам гуфта рахи кучаро гирифтам. Нохост аз дахони шавхарам «агар як Бори дигар хурам чавобатро додаги хисоб ана баьд рав» Гуфт ман гашта омада чанг шудам ки чаро и гапро гуфти. Боз гуфт майли бовар на куни бо агар хурам майли 3талок. Шавхарам 1мох пас боз нушида омад ман халол нестем гуфта хонаи модарам омадам. Аз байн 6мох гузашт шавхарам пайдо шуд. Аз гапхои мо хечкас хабар надорад. Ва хеч кас дар вакти чангмон дар пешмон набуд. Падарам «ту камбагали «гуфта шавхарамро зада Аз хона пеш карданд. Ба гайр аз ману писарам дигар хечкас надора. Мехохам писарамро аз у чудо накунам. Аз омаданам пушаймонам. Бо дигар кас зиндаги кардаям наметонам. Шавхарамро дуст медорам. Мехохам ман сабабу бо хохиши Аллох уро аз нушидан гардонам. Илтимос чавобам гардонед. Илтимос мухточи насихат хастам.

  • Дурахшон:

    Мадиначон, ба Шурои уламо мурочиат кунед, хатман ин масъаларо хал хоханд кард. Ба авсуни ман хам айнан хамин холат руй дода буд. Онхо ба Шурои уламо (Идораи муфтиёт) мурочиат карданд. Онхо фатво доданд. ки хангоми чавобатро додам гуфтан аллакай як талок шудаги махсуб меёбад. Талокхои хамзамон баъди ин гуфташуда дигар маъно надорад. Холо онхо якчоя зиндаги доранду баъди ин се писар ба дунё оварданд.

  • Н:

    Асаломуалайкум ман як савол дорам шавхари ман манро тарики телефони чавобамро дод яктарафа куне мая гуфтум яктарафаи гуфтан оё ривоят дорад бози якчоя шуданда

  • Сомони:

    Хай зани талокшуда пушаймон шуда бо шавхараш зиндаги кардани бошад аз нав никох карда зиндаги кардан гир ,и дига талок гуфта мегарди ,мардуми мо чуба ика содда бошанд а …

  • Дилафруз:

    Ассалому алейкум Ман як савол дорам шавхарам дар болои кахру газаб талокатро додам аз хона баромада рав гуфт ин як талок хисобида мешавад е якчанд.Илтимос маслихатам дихед.

  • АХМАДЧОН:

    Ассаламу ъалайкум ва рахматуллох ва баракатух
    бародарон ва хохарони Азизам
    Аз АЛЛОХИ Субхон мехохем, ки тамоми бародарону хохарон зиндагии хуб ва бо мухаббат дошта бошанд ва бо шарму хаё бо ъиффат бошанд !!!
    Аминь

  • Абубакр:

    Бародаро ва хохарони Азизам
    раками телефонии идораи муфтиёт ба мо лозим шудааст
    нависед илтимос

  • Anonymous:

    фарход +9773355703

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner