3000 оила аз ҳам ҷудо шуд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи оила, ки 15 май таҷлил мешавад, маълумоти оморие нашр кардааст, ки мувофиқи он дар се моҳи аввали соли 2018 дар Тоҷикистон 3043 оила аз ҳам ҷудо шудааст. Ин шумора 30 фоиз аз ҷамъи издивоҷҳо дар ин муддатро ташкил медиҳад. Соли сипаригардида 10100 талоқ ба қайд гирифта шуда буд.
Марҳабо Олимӣ ин матлабро зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иброз дошт. Номбурда зикр намуд, ки пошхӯрии оилаҳои ҷавон ҳанӯз масъалаи доғи рӯз боқӣ мемонад. Ӯ гуфт: “ Мушкили дигар ин, бо ҷои зист таъмин намудани зану кӯдак мебошад. Ҳалномаи он аз тарафи судяҳо бароварда мешавад, ки на ҳамавақт мушкилро осон намекунад. Чунки бад шудани муносибати оилаи нави мард, бад шудани ахлоқи кӯдакон, ҷангу ҷанҷолҳои байни оилаи аввал ва дуюм, дар маҷмуъ фазои носолиме, ки дар он кӯдак тарбия ёфта истодааст, бетаъсир намегузорад”.
Марҳабо Олимӣ пешниҳод кард, ки ба Кодекси оила ва никоҳ тағйирот ворид карда, никоҳҳои бармаҳалро боз ҳам маҳдуд кунанд. Ба ақидаи ӯ, як сабаби зуд аз ҳам пошидани оилаҳо никоҳҳои бармаҳал аст, вале ҳарчанд қонун синни никоҳро аз 18-солагӣ муқаррар кардааст, равзанаҳое вуҷуд доранд, ки ба никоҳи духтарони то 18-сола роҳ мекушояд ва бисёриҳо аз ин сӯиистифода мекунанд.
Зӯроварӣ дар хонавода як сабаби аслии афзоиши талоқҳо шумурда мешавад. Натиҷаҳои як тадқиқот дар мавзӯи «Зуҳуроти зӯроварӣ дар оилавӣ бештар кӣ гунаҳкор? Оила, таҷовузкор ё ҷамъият?” Натиҷаҳо чунин нишондодро хулоса бароварда, дақиқ шуд, кинишон медиҳанд, ки 42 фоизи пурсидашудаҳо оиларо гунаҳкори асосии ин зуҳурот ва 32,7 % худи таҷовузкорро гунаҳкор донистаанд. 12, 2 % бошад, ҷамъиятро гунаҳкор донистаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях: