• Эмом НАЗАРОВ
  • 11.01.2019
  • 0

4 млн доллар мукофоти солинавии миллиондор

Ӯ ДАР 70 СОЛ ЯГОН КАСРО АЗ КОР ОЗОД НАКАРДААСТ
Ба ин рӯйдоди гӯшношунид бовари кас намеояд. Миллиондору миллиарддор дар дунё, пеш аз ҳама, дар ИМА бешуморанд. Аммо саховатмандию дасткушодиро ангуштшумори онҳо нисбат ба мардум зоҳир менамоянд.
Тавре «АиФ» навиштааст, ин гуна саховатмандӣ чанде пеш дар ширкати FloraCraft, воқеъ дар шаҳри Лундигтони йолати Мичигани ИМА, ба амал омад. Роҳбари ширкати номбурда дар арафаи Соли нави 2019 барои кормандонаш 4 млн доллар мукофотпулӣ муайян намудаст!
Ширкати мазкур 70 сол аст, ки маводро барои соҳаи гулпарварӣ ва ҳунармандӣ истеҳсол менамояд. Ли Шенхерри 83-сола – роҳбари ширкати FloraCraft ҳамчун анъана дар маҳфили солинавӣ кормандонашро барои кори пурсамар дар давоми сол табрик гуфта, сипосгузор мешавад, ки саҳми онҳо дар пешрафти ширкат арзанда асту ба онҳо тансиҳатӣ ва комёбиҳо мехоҳад.
Бад-ин минвол, Шенхерр охири моҳи декабри соли 2018 дар маҳфили солинавӣ сипосгузории худро ба унвони кормандонаш бо 4 млн доллар хотирмон анҷом дод. Ӯ қарор дод, ки ин маблағи назаррасро ба 200 корманди ширкат мукофот диҳад. Ҳисоби миёнаи ин мукофотпулӣ ба сари ҳар як корманд 20 000 ҳазор долларро ташкил мекунад. Аммо дар ширкат гуфтанд, ки ин маблағ вобаста ба собиқаи кории кормандон ҳар хел мешавад. Масалан, кормандоне, ки дар FloraCraft беш аз 40 сол фаъолият доранд, аз 60 ҳазор доллар зиёдтар мукофот мегиранд. Як қисми маблағро хамчун мукофот барои Соли нав, боқимондаашро ба сифати пардохти иҷтимоӣ ба ҳисоби пасандози корманд мегузаронанд.
«Ли инсони саховатпеша аст ва кормандонро дар вақтҳои мушкил дастгирӣ кардааст. Вале ягон кас аз ӯ ин гуна мукофотпулиро чашмдор набуд. Баъзеҳо беихтиёр оби чашм карданд», – нақл кардаст директори кулли FloraCraft Эрик Эрвин.
«Ман тамоми умр ин ширкатро бунёд кардам, — рафтори ҳайратовари худро шарҳ медиҳад Ли Шенхерр дар интернет.- Одамоне, ки ба ман ёрӣ расонданд, бароям ҳамчун оила ба шумор мераванд».
Воқеан, дар давоми солҳои мавҷудияти «оила»-и мазкур ягон нафарро аз он нарондаанд. Дар 70 сол ягон корманди ширкат аз кор озод карда нашудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.