• Бахтовар Сафаров
  • 05.11.2018
  • 0

44 миллион занбӯр дар кӯчаҳои Сиэтл

Тақрибан ду ҳафта қабл мо маводеро дар бораи 7 тонна моҳии дар кӯчаҳои Хитой паҳншуда нашр карда будем. Воқеаи ба ҳамин монанд, вале ҳазинтар дар иёлоти Вашингтон рух дод. Мошини боркаше, ки 450 галаи занбӯри иборат аз 44 миллион занбӯрро мебурд, ба садамаи нақлиётӣ дучор гардид.

Дар як лаҳза занбӯрҳо дар кӯчаҳои шаҳр паҳн шуда ба бадани роҳгузарон часпидаву газиданро сар карданд. Мошинҳои шишаҳояшон маҳкам низ аз неши ин занбӯрҳо эмин намонданд. Танҳо мағзобаи чанд мошини оташфишон тавонист дар ҷои ҳодиса ин оруҳоро несту нобуд созад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.