• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 12.02.2019
  • 0

442 миллион зарар аз ҷиноят

Нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвари ин ниҳод Сулаймон Султонзода баргузор гардид,ки дар маҷмӯъ аз фаъолияти ин ниҳод Агентӣ  дар соли сипаришуда маълумот дода шуд. Мувофиқи гуфти  директори Агентӣ, дар ин давра дар сохторҳои гуногун  зиёда аз 1248   тафтишот гузаронида шуда, ба маблағи 601,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст. Чун сухан дар ин нишаст асосан атрофи рақамҳо сурат гирифт,  чанд арқоми дигарро оид ба фаъолияти  ин сохтор баён намуданд. Аз ҷумла, гуфта шуд,ки маблағи умумии зара аз ҷиноятҳои ошкоргардида 442 миллион сомониро ташкил медиҳад,китавассути чораҳои андешидашуда 225,4 миллион сомонии он барқарор карда шудааст.  Тавре роҳбари Агентӣ иттилоъ дод, сатҳи  ҷинятҳои коррупсионӣ дар бисёр сохторҳо афзудааст, Аз ҷумла, ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои маориф ва илм 96, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 108, нақлиёт 38, кишоварзӣ 21, энергетика ва захираҳои об 1, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 39, саноат ва технологияҳои нав 7, молия 7, инчунин дар сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 88, Кумитаи ҳифзи муҳити зист 4, Кумитаи телевизион ва радио 3, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон 18, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 5, Кумитаи ҷавонон ва варзиш 2, Агентии стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдо 6, ҷамъиятҳои саҳомӣ 255, соҳибкорони инфиродӣ 435, соҳаи бонкӣ 305 ва дар дигар идораву корхонаҳо 225 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner