• Фарзона Муроди
  • 25.05.2018
  • 1

 5 дирам савдои моро “кушт”

24 май ба бозорҳои “Панҷшанбе” ва “Афросиёб”-и шаҳри Хуҷанд “бозоромӯзӣ” рафтем. Чанд рӯз пеш аз иди Рамазон  реклама карданд, ки нархҳо 10-15% арзон  карда шуданд.  Аммо як дирам ҳам поён нарафтааст нархҳо, хоса нархи нон. 

Нонҳо аз 1, 5 сомонӣ то 16 сомонӣ нарх доранд.   Фурӯшандазан, Файзинисо Абдуллоева низ тасдиқ кард, ки нонҳо дар Рамазон нархи пеширо доранд:-Нонҳои мефурӯхтаи ман аз 2 то 2,5 сомонӣ арзиш доранд. Пештар ҳам чунин буд. Ҳоло нонҳо аз фурӯш мемонанд ва мо барои ин гап мешунавем. Масалан ҳамин шаб 40 то нонам нофурӯхта монд. Маҷбур нони гарму хунукро омехта карда фурӯхта истодаам.

Харидор Иқболшоҳи Мунавваршоҳ донишҷӯ аст ва гуфт:- Барои мо донишҷӯён, ки аз ноҳияҳои дурдаст меоем ба шаҳр, хӯроки аввалиндараҷаи мо албатта нон аст. Агар 4 дона нон харидорӣ кунӣ  ҳатман фиреб мехӯрӣ. Зеро дар таги ду нони имрӯза дутои дигар нони дирӯзаро “пинҳон” карда ба дастат медиҳанд…

Тухми мурғ бошад ба ҷои арзоншавӣ 5 дирам қимат шудааст. Ба гуфти  фурушандагон 5 дирам нархи чандон назаррас набошад ҳам савдоро суст кардааст, ки пеш аз иди Рамазон  70 дирам буд ҳоло 75 дирам аст (ба акс нигаред).

Идомаро дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

Фарзона Муродӣ

 

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Харидор:

    Бисёр имрузбаи зарур хамин проблема.. Дар сайт мехонем, телевизори СМ1, Азия Танин мебинем гуё нарху наво дар Хучанд азон бошад. Неким хамун пешанги. Вай ахволи бозороя бинед, хамачошанда мусур,

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.