• Administrator
  • 06.03.2019
  • 307
  • 0

5 медали варзишгарони тоҷик аз Тошканд

Варзишгарони навраси тоҷик аз Мусобиқаи байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук бо 5 медал – 1 тилло ва 4 биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.  Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи олимпии мамлакат хабар медиҳад.

Мусобиқа 2-3 март дар шаҳри Тошканд миёни наврасони соли таваллудашон 2002-2003 баргузор шуд. Дар он 128 нафар варзишгар дар ҳайати 5 даста (4 кишвар) ширкат намуданд. Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки кишвар, дар ҳайати Тоҷикистон, ки аз 19 нафар варзишгар иборат буд, медали тиллоро Мирзодавлат Сангинзода дар қувваозмоии дав ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 11.52 сония сазовор гашт. Мирзодавлат инчунин дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 23.34 сония ҷои сеюмро ишғол намуд.

3 медали дигари биринҷиро миёни духтарон Моҳрухсор Саидқулова дар масофаи 3000 метр (12:37.55 дақиқа), Ҳилола Рустамова дар гурзандозӣ бо натиҷаи 29.15 метр ва миёни писарон Сайфиддин Зулфиқорбеков дар гурзандозӣ бо натиҷаи 43.10 метр ба даст оварданд. Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон баъд аз дастаҳои Ӯзбекистон-2 ва Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол кард.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.